Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Истиқлолият тантанаи хирад ва андешаи миллати солору куҳанбунёди тоҷик аст»

Сентябрь 11, 2017 11:23

ДУШАНБЕ, 11.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Дар зарфи бисту шаш сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмини рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат ба натиҷаҳои намоён ноил гардидем. Дар ин давра барномаи мукаммали ислоҳоти куллии сиёсӣ ва ҳуқуқиро татбиқ намуда, барои рушди иқтисодӣ заминаи мусоид фароҳам овардем, дар соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар, аз ҷумла саноату энергетика, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ ва бахшҳои дигар ба дастовардҳои назаррас муваффақ шуда, дар соҳаҳои иҷтимоӣ, бахусус, илму маориф ва тандурустиву фарҳанг таҳаввулоти сифатиро таъмин намудем». Ин суханонро Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9 сентябр зимни суханронии худ дар тантанаҳои идона бахшида ба 26-солагии Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд.

Сарвари давлат зикр намуданд, ки соҳибистиқлолӣ ва хусусан, солҳои аввали он барои мардуми мо марҳалаи бисёр вазнин ва озмоишҳои сангин буданд. Ба гуфтаи Пешвои миллат, кишвари мо дар натиҷаи фитнаву дасисаи қувваҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуда, хатари аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллат ба воқеияти талху даҳшатнок табдил ёфта буд. Вале мардуми шарифи Тоҷикистон бо саъю талоши ватандӯстонаву фидокорона ба хотири ҳимояи Истиқлолияти давлати ҷавони худ ин имтиҳони сахту сангини таърихро паси сар намуданд.

«Дар як муддати кӯтоҳ мо на танҳо мушкилоти зиёди баъдиҷангиро бартараф карда, сулҳу суботро дар мамлакат барқарор сохтем, балки барои пешрафти бомароми кишвар асоси мустаҳкаму боэътимод гузоштем. Ҳоло бо ифтихору сарфарозӣ изҳор медорем, ки ҳамаи корҳои азими созандагиро, ки то имрӯз дар кишвари маҳбубамон амалӣ намудем, ба номи мубораку муқаддаси истиқлолият анҷом додем. Истиқлолият барои мо рамзи пойдории давлат, ҳастии миллат ва шарафу эътибори Тоҷикистони азизамон мебошад. Гузашта аз ин, истиқлолият тантанаи хирад ва андешаи миллати солору куҳанбунёди тоҷик, оғози марҳалаи навини давлатдории миллӣ, омили иттиҳоду сарҷамъии мардуми фидокору ватандӯсти мо, василаи муҳимтарини ҳифзи асолату ҳувияти миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, нишонаи возеҳи ҳастии миллат ба шумор меравад»,-изҳор доштанд Сарвари давлат.

Сентябрь 11, 2017 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад