Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳукумати мамлакат таҷдиду азнавсозӣ ва бунёди роҳу пулҳои мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалиро воситаи асосии таъмин намудани пешрафти иқтисоди миллӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ мешуморад»

Сентябрь 13, 2017 09:56

ДУШАНБЕ, 13.09.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва сокинони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин оид ба тадбирҳои амалии Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмини робитаҳои байналмилалии нақлиётӣ изҳор карданд, ки «Ҳукумати мамлакат таҷдиду навсозӣ ва бунёди роҳу пулҳои мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалиро воситаи асосии таъмин намудани пешрафти иқтисоди миллӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ мешуморад. Барои анҷоми муваффақонаи лоиҳаи имрӯза 93 миллион доллари амрикоӣ ё 741 миллион сомонӣ сарф гардида, 40 километр роҳ  ва 10 пул ба дарозии 1121 метр мавриди истифода қарор гирифт. Ҳамин тавр, бо дарназардошти қитъаи роҳи Шоҳон — Зиғар дар ҳудуди ноҳия 54 километр роҳ ва 13 пул, ки ҷавобгӯи талаботи муосири хизматрасонии нақлиётӣ мебошад, ба истифода супорида шуд».

Сарвари давлат зикр карданд, ки навсозии шоҳроҳи дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ идома дода шуда, бо ин мақсад маблағҳои зарурӣ ҷудо карда мешаванд: «Мо бунёду азнавсозии қитъаҳои шоҳроҳи Кӯлоб – Қалъаихумб- Хоруғ-Кулмаро минбаъд  низ идома медиҳем. Бо ин мақсад, тавре ки гуфтам, чанд лаҳза баъд ба корҳои таҷдиди роҳ дар қитъаҳои  Кӯлоб – Шӯрообод ва Шкев – Қалъаихумб ба масофаи 58 километр ва бо харҷи наздики 865 миллион сомонӣ ҳусни оғоз мебахшем. Таҷдиду навсозии роҳҳои зикршуда на танҳо робитаи байналмилалии нақлиётиро таъмин мекунад, балки ба рафтуомади байни ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар чор фасли сол мусоидат намуда, боиси тавсеа пайдо кардани савдои наздисарҳадӣ ва боз ҳам афзоиш ёфтани мубодилаи молу маҳсулот бо кишварҳои хориҷӣ мегардад.

Президенти мамлакат вобаста ба масъалаи мазкур ба вазорату идораҳои дахлдор супоришҳои мушаххас дода, таъкид карданд: «Бояд гуфт, ки барои шабакаҳои нақлиётии кишвар бунёду навсозии роҳҳои дохилии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин низ нақши муҳим дорад. Вобаста ба ин, вазоратҳои нақлиёт, молия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Шамсиддини Шоҳин вазифадоранд, ки ҷиҳати татбиқи саривақтӣ ва босифати лоиҳаҳои зикршуда, инчунин бо ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ барои таъмиру навсозӣ кардани роҳҳои дохилии ноҳия ва дигар инфрасохтори хизматрасонӣ чораҷӯӣ намоянд».

Хотиррасон мекунем, ки Пешвои миллат субҳи имрӯз бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои бунёдкориву созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳими хоҷагии халқ ва суҳбату мулоқот бо сокинону фаъолон ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон сафар карданд.

Сентябрь 13, 2017 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд