Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон доираи соҳибкорони Амрикоро ба татбиқи лоиҳаҳои инфрасохтории Тоҷикистон даъват намуданд
ДУШАНБЕ, 22.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доираи соҳибкорони Амрикоро барои саҳм гузоштан дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги инвеститсионии Тоҷикистон даъват намуда, таъкид карданд, ки иштироки ҷониби Амрико дар амалӣ гардондани лоиҳаҳои инфрасохтории Тоҷикистон барои ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкории иқтисодӣ дар минтақа мусоидати фаъол хоҳад кард.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо доираи соҳибкорони Амрико таъкид карданд, ки Тоҷикистон, бо вуҷуди надоштани захираҳои зиёди нафту газ, дорои сарвати азими истифоданашудаи гидроэнергетикӣ аст ва ният дорад ин сарвати худро ба нафъи кишвар ва минтақаи Осиёи Марказиву Ҷанубӣ истифода намояд. “Мо дар ин ҷода омодаи ҳамкории созандаву мутақобилан судманд бо ҳамаи ҷонибҳои хоҳишманд ҳастем. Бо ин мақсад Ҳукумати кишвар ҷиҳати бунёди неругоҳҳои нави барқи обӣ ва таҷдиди иқтидорҳои гидроэнергетикии мавҷуда мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ тадбирҳои амалӣ меандешад”,- таъкид карданд Сарвари давлати Тоҷикистон.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идомаи суханронияшон зикр карданд, ки то имрӯз баҳри таъмини доимии аҳолӣ ва истеҳсолкунандагон бо «энергияи сабз» беш аз 1300 мегаватт иқтидорҳои иловагӣ мавриди истифода қарор дода шудаанд. Дар айни замон, корҳои сохтмонӣ дар неругоҳи бузурги барқи обии «Роғун» бо иқтидори 3600 мегаватт босуръат идома доранд ва мо ба нақша гирифтаем, ки агрегати аввали онро дар охири соли оянда ба кор андозем. Баъди анҷоми сохтмони ин неругоҳ на танҳо эҳтиёҷоти афзояндаи дохилӣ ба неруи барқ қонеъ гардонида мешавад, балки Тоҷикистон дар минтақа мақоми калонтарин содиркунандаи неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаро пайдо менамояд.
Ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки минтақавӣ ишора намуда, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфтанд, ки дар сурати ба анҷом расонидани сохтмони хати интиқоли барқи баландшиддати КАСА–1000 Тоҷикистон метавонад дар татбиқи ин лоиҳаи минтақавӣ ҳамкории васеъро бо шарикони байналмилии худ ба роҳ монад. “Дар ин робита мехостам барои дастгирӣ дар пешбурди ин лоиҳа ба ҷониби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико изҳори сипос намоям. Қобили зикр аст, ки содироти барқи Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла ба Афғонистон, имрӯз аллакай дар фасли тобистон сурат мегирад ва дар ҳоли ташаккули шабакаҳои нави минтақавии интиқоли барқ имконияти афзоиши содироти он пайдо мешавад. Бо мақсади беҳтар намудани шароити инфрасохторӣ низ дар кишвари мо тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд”,- афзуданд Пешвои миллат.
Зикр карда шуд, ки то имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор километр роҳҳои мошингард, 190 километр роҳи оҳан ва зиёда аз 30 километр нақбҳои мошингузар мавриди истифода қарор дода шудаанд. Дар баробари ин, мо чанде аз лоиҳаҳои инфрасохтории муштараки минтақавиро тарҳрезӣ намуда, дар амалӣ гардонидани онҳо ба кумаку дастгирии шарикони худ ниёз дорем. Президенти Тоҷикистон ҳадафи татбиқи лоиҳаҳоро тавсеаи имкониятҳои транзитии минтақа тавассути қаламрави Афғонистон ба самти бандарҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ унвон карданд. Бо таваҷҷуҳ ба ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа Сарвари давлати Тоҷикистон таъкид карданд, ки пули замонавии болои дарёи Панҷ, ки бо кумаки бевоситаи Амрико бунёд гардидааст, дар афзоиши тиҷорати мо бо Афғонистону Покистон ва дигар кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ нақши муҳим дорад ва дар ин раванд таҳкими раванди рушди устувор ва тақвияти ҳамкорию ҳамгироии минтақавӣ дар роҳи истиқрори вазъ дар Афғонистон омили қавие хоҳад буд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






