Президенти мамлакат дар ноҳияи Дарвоз аз бетафовутии масъулони бахши маориф ва норасоии кадрҳои омӯзгорӣ аз фанҳои дақиқ изҳори нигаронӣ карданд

Сентябрь 14, 2017 11:13

ДУШАНБЕ, 14.09.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Соли гузашта дар деҳоти зебоманзари Сағирдашт аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст варзишгоҳи муосир ва корхонаи дӯзандагӣ ба фаъолият оғоз намуд, ки имрӯз танҳо дар корхонаи дӯзандагӣ 50 нафар занону бонувони маҳаллӣ, ки қаблан аксарияти онҳо хонашин буданд, ба кори доимӣ фаро гирифта шуданд. Ин нуктаро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинону ноҳияи Дарвоз баён доштанд.

Тавре Сарвари давлат таъкид карданд, ин иқдому ҳиммати ободкоронаи соҳибкорони маҳаллӣ, бешубҳа, қобили таҳсин мебошад, зеро корхонаи дӯзандагӣ ва варзишгоҳ ба таври ройгон ба тавозуни деҳоти Сағирдашт супорида шудаанд. Илова бар ин, тӯли чанд сол аст, ки дар бинои навбунёди Кохи бонувони ноҳия шумораи зиёди занҳо, бахусус, ҷавондухтарон ба дӯхти либосҳои миллӣ ва мактабиву корӣ машғул мебошанд. Ҳоло занону бонувони дигар ноҳияҳои вилоят имконият доранд, ки ҷиҳати омӯхтани касбу ҳунар бо ин марказ ҳамкорӣ намоянд.

Президенти мамлакат аз бетафовутии масъулон изҳори нигаронӣ карда, гуфтанд, ки то ҳол бинобар бетафовутии масъулон баъзе корҳои дар соҳаи маориф ба нақша гирифташуда, аз ҷумла сохтмони бинои маъмурии шуъбаи маорифи ноҳия, биноҳои иловагии таълимӣ дар мактабҳои деҳоти Паткуноб ва Камчак ба муддатҳои тӯлонӣ ба таъхир гузошта шудаанд. Ҳамчунин дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия норасоии кадрҳои омӯзгорӣ аз фанҳои риёзӣ, химия, информатика, физика ва забони англисӣ ба мушоҳида мерасад.

Сарвари давлат вазоратҳои маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияро вазифадор карданд, ки ҷиҳати бунёду навсозии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таъминоти онҳо бо кадрҳои омӯзгорӣ тадбирҳои ҷиддӣ андешанд.

Сентябрь 14, 2017 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд