Президенти Тоҷикистон: «Дар тӯли 21 сол ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Ш. Шоҳин 5 баробар афзоиш ёфтааст»

Сентябрь 13, 2017 11:08

ДУШАНБЕ, 13.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва сокинони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ин ноҳияро мавзеи бисёр мусоиди кишоварзӣ хонда, изҳор намуданд, ки дар тӯли 21 соли охир ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ дар ин минтақа 5 баробар афзоиш ёфта, аз 55 миллион сомонии соли 1995 ба 277 миллион сомонӣ дар соли 2016 расидааст.

Пешвои миллат аз анори хушлаззати мавзеи Анҷироб, ки солҳои пеш на танҳо дар ҳудуди кишвар, балки берун аз он машҳур буд ва ҳар сол аз ин мавзеъ садҳо тонна анори хушсифат барои фурӯш ба шаҳру ноҳияҳои кишвар интиқол дода мешуд, ёдовар шуда, изҳори таассуф карданд, ки айни замон майдони боғҳои анори ноҳия нисбат ба соли 1991- ум 240 гектар кам шудааст.

Сарвари давлат ба амал омадани чунин вазъро ба норасоии об ва риоя нагардидани қоидаҳои агротехникаи боғдорӣ вобаста дониста, иброз намуданд, ки «дар сурати насб кардани таҷҳизоти обрасонӣ дар масофаи то 10 километр аз дарёи Панҷ  зиёда аз 240 гектар боғи анор бунёд гардида, иловатан 500 гектар заминҳои дигар обёрӣ карда мешаванд. Ин кор барои барқарор намудани боғҳои анор, афзун намудани парвариши зироати гуногун, аз ҷумла картошка ва мева мусоидат хоҳад кард».

Пешвои миллат дар робита ба ин масъала мақомоти дахлдори кишварро дар таҳия ва амалӣ намудани лоиҳаи сармоягузорӣ вазифадор намуданд.

 

Сентябрь 13, 2017 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд