Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Амалҳои ваҳшиёнаи гурӯҳҳои террористиву ифротгаро мухолифи арзишҳои таҳаммулгарову инсондӯстонаи ислом мебошанд»

Сентябрь 20, 2017 09:23

ДУШАНБЕ, 20.09.2017. /АМИТ «Ховар»/.  Амалҳои ваҳшиёнаи гурӯҳҳои террористиву ифротгаро ва дигар ҷунбишҳои иртиҷоӣ бо дини мубини ислом ҳеҷ гуна робитае надоранд. Онҳо, баръакс, мухолифи таълимоти ахлоқӣ ва арзишҳои таҳаммулгарову инсондӯстонаи ислом мебошанд. Ин матлабро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дирӯз дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк, ки яке аз аввалинҳо шуда, дар он суханронӣ карданд, изҳор намуданд.

Роҳбари давлат аз рӯйдоду воқеаҳои даҳшатноку фоҷиаборе, ки дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон идома доранд, изҳори нигаронӣ намуда, зикр карданд, ки тавсеаи миқёси терроризм ва ифротгароӣ, ҷангу низоъҳои мусаллаҳонаи мазҳабӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба амнияти кишварҳои мо хатари ҷиддӣ эҷод карда истодаанд.

Пешвои миллат бори дигар таъкид намуданд, ки мубориза бар зидди  ин таҳдидҳо аз ҷониби ҳамаи давлатҳои аъзои Созмон андешидани тадбирҳои қотеъонаи муштарак дар доираи ҳуқуқи байналмилалӣ ва худдорӣ намудан аз истифодаи меъёрҳои дугонаро тақозо менамояд.

Эмомалӣ Раҳмон нақши марказӣ ва ҳамоҳангкунандаи Созмони Милали Муттаҳидро дар раванди таҳия ва амалӣ сохтани тадбирҳои саривақтӣ ҷиҳати ҳалли муноқишаҳо дар гӯшаҳои доғи ҷаҳон баланд арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки комёбӣ дар амалҳои муштарак ҷиҳати пешгирӣ ва ҳалли низоъҳо, ҷустуҷӯйи роҳҳои сулҳомези рафъи буҳрону ихтилофҳо, пеш аз ҳама, ба истифодаи самараноки дипломатияи боздоранда ва фаъолияти миёнаравӣ вобастагӣ дорад.

Сентябрь 20, 2017 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе марҳилаи дуюми Лоиҳаи «Тавонмандсозии марказҳои матбуотӣ ва ҳамкории онҳо бо ВАО» оғоз ёфт
Дар вилояти Хатлон гардиши савдои хориҷӣ ба 210,2 миллион доллар баробар гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Кӯдакону наврасони ноҳияи Шаҳринав ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар Хатлон ташаббуси вилоятии «Саҳми ман дар ободии Ватан» доир карда мешавад
Беш аз 5 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод
Кишоварзони Кӯлоб аввалин маротиба зери плёнка чигит кишт намуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад