Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Эътиборномаи Сафири Тоҷикистонро қабул намуд

Сентябрь 14, 2017 11:12

ДУШАНБЕ, 14.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ 12 сентябр ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев Эътиборнома супорид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Пас аз маросими супоридани Эътиборнома мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон бо Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки зимни он Сафири кишвари мо ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон дуруду паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро расонида, таъкид намуд, ки Сарвари давлати мо ба кишвар ва мардуми Ҷумҳурии Озарбойҷон сулҳу оромӣ, рушду пешрафт ва рафоҳу шукуфоиро орзу карда, хостори густариши ҳарчи бештари муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ду кишвар мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон зимни арзи дуруд ба Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ба кишвар ва мардуми мо сулҳ ва пешрафт орзу карда, изҳори умедворӣ намуд, ки густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар заминаҳои гуногун идома хоҳад ёфт.

Сентябрь 14, 2017 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад