Сафири Тоҷикистон дар Қатар нусхаи эътимодномаи худро супорид
ДУШАНБЕ, 19.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода 17 сентябр нусхаи эътимодномаи худро ба Котиби генералии Вазорати корҳои хориҷии Давлати Қатар доктор Аҳмад Ҳасан ал-Ҳамодӣ супорид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни суҳбате, ки пас аз баргузории маросими тақдими нусхаи эътимоднома сурат гирифт, масъалаҳои мубрами рушди робитаҳои Тоҷикистону Қатар ва дурнамои тавсеаи ҳамкории судманд дар соҳаҳои мухталиф баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ аз сатҳи баланди ҳамкории дуҷониба, иқдомҳои минбаъдаро ҷиҳати татбиқи амалии натиҷаҳои сафари расмии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар ва тавофуқоте, ки дар сатҳи олӣ дар Давҳа моҳи феврали соли 2017 ҳосил шуданд, ба нақша гирифтанд.
Ҳамчунин атрофи дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули назари судманд сурат гирифт.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






