САЙРИ ГУЛҲО. 2 сентябр дар Голландия яке аз ҷаззобтарин ва маъруфтарин фестивалҳои ҷаҳон доир мегардад
ДУШАНБЕ, 02.09.2017. /АМИТ «Ховар»/. «Сайри гулҳо» ё Фестивали гулҳо, ки ҳамасола дар шаҳри Аалсмеери Голландия баргузор мешавад, яке аз маъруфтарин ва ҷаззобтарин намоишҳои гул дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Ин намоиш ҳар сол дар рӯзи истироҳати ҳафтаи якуми моҳи сентябр аз соати 8.30 оғоз шуда, дар он садҳо ҳазор тамошобинон иштирок мекунанд. Имсол ин ҷашни зебову фараҳбахш ба 2 сентябр рост омадааст.
Маъмулан дар ин ҷашн алоқамандони гулу гиёҳ аз саросари дунё ҷамъ омада, ба олами зебоии гулҳо ғарқ мешаванд. Бузургтарин ширкатҳои гулпарварӣ барои намоиш додани тахайюлоти муъҷизаосои олами гулҳо дар ин чорабинӣ саҳм варзида, зиёда аз 20 мошин бо гулҳои рангоранг зиннат дода мешаванд. Дӯстдорони ин ҷашнвора барои оростани шохаҳои гул довталабона ширкат меварзанд. Омодагӣ ва ташкили ин чорабинӣ баъзан тӯли се моҳ идома меёбад – аз замони кошта шудан то замони шукуфтани гулҳо.
Ҳамчунин, дар ин ҷашнвора навои мусиқӣ садо дода, намоишҳои оташбозӣ низ гузаронида мешавад.














Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






