Сарвари давлат ҷавонони Бадахшонро ба ватандӯстӣ ва ободонии Тоҷикистон ҳидоят карданд

Сентябрь 14, 2017 09:25

 ДУШАНБЕ, 14.09.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо сокинони ноҳияи Дарвоз ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  ҷавонони ин минтақаи баландкӯҳи Тоҷикистонро ба содиқона дӯст доштани Ватан ва саҳми шоиста гузоштан дар ободонию шукуфоии кишварамон ҳидоят намуданд.

Президенти кишвар  бо дахли авзои сиёсии ҷаҳон  таъкид карданд, ки «ҳамаи мо ҳар рӯз аз воситаҳои ахбори омма доир ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ дар гӯшаҳои гуногуни минтақа ва ҷаҳон хабардор мешавем. Дар натиҷаи аъмоли нангини чунин ҳаракату гурӯҳҳо зиндагии осоиштаи мардуми як қатор давлатҳо халалдор гардида, ҳазорон нафар мардуми бегуноҳ ба ҳалокат мерасанд, шаҳру деҳоти обод ба харобазор табдил ёфта, миллионҳо нафар одамон ба тарки ватан маҷбур мегарданд. Дар робита ба ин, ба шумо, ҷавонони ватандӯсти ноҳияи Дарвоз таъкид менамоям, ки дар кору зиндагӣ ҳамеша бо насиҳату маслиҳати падарону модарон ва зиёиёну устодони худ амал кунед, ватандӯсту ватанпараст бошед ва бо шукронаи сулҳу суботи комили кишвар барои анҷом додани иқдому ташаббусҳои созанда, ободии диёри худ ва Ватани маҳбубамон саъю талош намоед».

Дар идомаи суханронӣ Сарвари давлати Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки меҳри Ватан дар қалби ҳар як шахси меҳанпараст бояд нақши абадӣ дошта бошад ва агар мо онро содиқона дӯст дорем, ҷиҳати ободонии он аҳлона заҳмат кашем ва барои пешрафташ хизмат кунем, мамлакатамон боз ҳам обод, давлатамон тараққикарда ва мушкилоти зиндагии мардумамон дар ояндаи наздик бартараф мегардад.

Сентябрь 14, 2017 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад