Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028»-ро баррасӣ намуд
ДУШАНБЕ, 26.09.20147 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он лоиҳаи «Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028» баррасӣ шуд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ҷаласаи мазкур намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои гурӯҳи корӣ оид ба омода намудани «Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028» мутахассисони варзидаи соҳаи ҳуқуқшиносӣ ва аъзои Шӯро иштирок намуданд.
Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ раисӣ намуда, сухани ифтитоҳиро ба мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робита бо ҷомеа Шӯҳрат Азиззода дод.
«Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2016 зарурати таҳия ва қабули «Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028»-ро махсус қайд намуда, зикр намуданд, ки «ба хотири рушди минбаъдаи фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ Вазорати адлия, Прокуратураи генералӣ ва Маркази миллии қонунгузорӣ консепсияи мазкурро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд»,- зикр кард Шӯҳрат Азиззода ва илова намуд, ки «консепсияи мазкур бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини асосҳои ҳуқуқии ҳаёти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи дохилӣ, рушди фаъолияти қонунгузорӣ ва инкишофи низоми ҳуқуқии миллӣ ва танзими самараноки муносибатҳои ҷамъиятӣ таҳия гардидааст».
Муовини якуми Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи «Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028» Абдулманнон Холиқзода зикр кард, ки «бо назардошти таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳо дар самти таҳия ва қабули ҳуҷҷатҳои консептуалӣ лоиҳаи сохтори «Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028» омода гардид. Пеш аз таҳияи сохтори консепсия ва худи он гурӯҳи корӣ таҷрибаи дигар давлатҳоро вобаста ба таҳия ва амалӣ намудани чунин ҳуҷҷати муҳим омӯхт. Аз ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ танҳо Ҷумҳурии Қазоқистон бо фармони Президенти ин кишвар аз 20 сентябри соли 2002 «Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Қазоқистон» — ро тасдиқ намудааст».
Пас аз сухан гуфтани дигар аъзои Шӯро, лоиҳаи «Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028», ки аз 7 боб ва 114 банд иборат мебошад, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.











Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






