Шаҳраки навбунёди Яхчисор дар ноҳияи Дарвоз ба пазироии меҳмонон омода аст

Сентябрь 13, 2017 13:54

ХОРУҒ, 13.09.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Бунёди манзилҳои истиқоматӣ, биноҳои маъмурию маишӣ ва таълимию тандурустӣ дар шаҳраки Яхчисори ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвоз ба анҷом расид. Роҳи мошингард асфалтпӯш гардида, қад-қади роҳи пиёдагард гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шуданд. Бисту як оила аз деҳаи Хостав, ки охири моҳи июли соли равон хонаҳояшон зери сел монд, ба ин шаҳраки навбунёд кӯч бастанд.

Сардори бахши ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии  ноҳияи Дарвоз Расул Шокиров дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар»  изҳор дошт, ки «сокинони аз офат зарардида бовар надоштанд, ки дар давоми бештар аз як моҳ бо тамоми инфрасохтори зарурӣ шаҳраки наве сохтан мумкин аст.  Бо дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва заҳмату талошҳои шабонарӯзии ҷавонон  қарори Ҳукумати кишвар дар як муддати хеле кӯтоҳ амалӣ шуд».

Дар канори шаҳрак бо кумаки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кӯдакону наврасон муассисаи таълимӣ сохта шуд, ки буҷаи лоиҳаи он зиёда аз 1 миллион сомониро ташкил дод.

Сентябрь 13, 2017 13:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд