«Шаҳри бехатар» дар Суғду Хатлон низ амалӣ карда мешавад
ДУШАНБЕ, 25.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин бо директори ширкати «Ҳуавей» Жу Тянсин вохӯрӣ доир намуд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили вусъат бахшидани ҳамкории минбаъда ва амалинамоии даври дигари лоиҳаи «Шаҳри бехатар»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд. Зикр гардид, ки дар доираи мукаммал намудани фаъолият дар соҳаи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ лоиҳаи «Шаҳри бехатар» дар шаҳри Душанбе татбиқ карда шуда, вобаста ба имкониятҳои мавҷуда лоиҳаи мазкур дар вилоятҳои Суғду Хатлон низ амалӣ хоҳад шуд.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






