Ширкати Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 40-уми вазирони корҳои хориҷии Гурӯҳи 77 ва Чин
ДУШАНБЕ, 25.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. 22 сентябри соли 2017 дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорк Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар Иҷлосияи 40-уми вазирони корҳои хориҷии Гурӯҳи 77 ва Чин ширкат ва суханронӣ кард.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Вазири корҳои хориҷӣ зимни суханронии худ аҳамияти қабули Рӯзномаи 2030 оид ба рушдро таъкид намуда, иродаи кишварҳои аъзои СММ, аз ҷумла Тоҷикистонро дар мавриди татбиқи он қавӣ арзёбӣ намуд.
Тазаккур дода шуд, ки соли равон Тоҷикистон зимни Форуми сиёсии сатҳи баланд ҳисоботи ихтиёрии миллии хешро оид ба татбиқи Рӯзномаи мазкур муаррифӣ намуд. Ҳамчунин зикр гардид, ки Тоҷикистон бо мақсади ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор Стратегияи миллии рушд то соли 2030-ро қабул намудааст.
Дар фарҷоми сухан С. Аслов аз кишварҳои аъзои Гурӯҳи 77 ҷиҳати иштироки фаъол дар татбиқи Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 даъват ба амал овард.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






