ШОМИ ДӮСТӢ! Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
ДУШАНБЕ, 25.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корпусҳои дипломатии муқими шаҳри Душанбе, аҳли илму адаб ва мухлисони зиёди фарҳанги рус маросими ботантанаи ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, барномаи фарҳангиро Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва муовини Вазири фарҳанги Федератсияи Россия Сергей Абривалин оғози расмӣ бахшида, баргузор намудани барномаи фарҳангиро таҳкимбахши робитаҳои соҳавии ду кишвар арзёбӣ намуданд.
«Мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол басо сарфарозанд, ки тавассути сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарваронаи Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фазои фарҳангии кишварамон ҳамеша пур аст», — гуфт Шамсиддин Орумбекзода ва илова намуд, ки «аз баргузории Рӯзҳои фарҳанги ҳамсоякишварамон – Ӯзбекистон дере нагузашта, инак мо боз аҳли фарҳанги кишвари ба мо дӯст ва шарики стратегӣ-Федератсияи Россияро истиқбол гирифта, тантанаи фарҳангӣ доир намуда истодаем. Саҳнаи театр ва синамои тоҷик ҳеҷ гоҳ аз намоиши филм ва саҳнаи рус холӣ намондааст. Дар давоми даҳсолаҳо дар саҳнаҳои театри тоҷик мо аз асарҳои нависандагони рус спектаклҳоро манзури тамошобинон гардонидем ва дар оянда низ хоҳем гардонд».
Сергей Абривалин зикр намуд, ки «рушди муносибатҳо миёни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси таърихӣ ва ояндаи дурахшон дорад ва ин робитаҳоро метавон бо роҳи баргузор намудани барномаҳои фарҳангию фароғатӣ тақвият бахшид. Инчунин робитаҳои дуҷонибаи давлатҳои мо дар самтҳои гуногун рушд карда истодаанд, ки ин аз таваҷҷуҳи бевоситаи сарони ду давлат сарчашма мегирад. Мо умедворем, ки аз ҳунарнамоии аҳли фарҳанги Россия каме ҳам бошад, баҳра мебардоред ва итминон дорам, ки санъаткороне, ки ба ин ҷо ташриф овардаанд, табъи шуморо болида мегардонанд».
Ба ҳайати эҷодии меҳмонон Ансамбли давлатии академии рақсии «Алан» ва гурӯҳи созии «Трио»-и Консерваторияи Москва шомил буда, дар доираи Рӯзҳо баргузории барномаи консертӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, намоишгоҳи «Русский север» дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, дарси сайқали маҳорат дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талаб Сатторов, вохӯрии эҷодӣ дар Донишгоҳи (славянии) Россияву Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.
Имрӯз, 25 сентябр ҳайати меҳмонони Федератсияи Россия дар доираи баргузории Рӯзҳо ба шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон сафар намуда, ба сокинони он барномаи консертӣ пешниҳод намуданд. Худи ҳамин рӯз консерти Ансамбли давлатии академии рақсии «Алан» дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии вилоятии ба номи А. Муҳаммадҷонов дар назар дошта шудааст.
Маросими ботантанаи пӯшидашавии Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ бегоҳии 26 сентябр баргузор мегардад.
Ёдовар мешавем, ин маротиба чорум аст, ки Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд. Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия аввалин маротиба моҳи октябри соли 2005 баргузор гардида буданд, ки дар расми кушодашавии он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуда буданд.















ЗАБОНИ МОДАРИИ МО—ЗАБОНИ ШИРИНУ ШЕВО ВА ШОИРОНАИ ТОҶИКӢ! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
«ҶАҲОНИ РАССОМ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Дӯст Азизов ташкил гардид
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Қирғизистон доир мегарданд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Вазирони корҳои дохилии ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад






