ШСХК «Барқи Тоҷик»: нархи барқ дар мамлакат шуруъ аз 1 октябр тағйир меёбад

Сентябрь 13, 2017 11:20

ДУШАНБЕ, 13.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Маркази матбуоти Ширкати Саҳҳомии Холдингии Кушодаи (ШСХК) «Барқи Тоҷик» иттилоъ медиҳад, ки дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарифҳои неруи барқ ва гармӣ» аз 29 августи соли ҷорӣ дар тарифҳои энергияи барқ ва гармӣ тағйирот ворид карда шуд.   Шуруъ аз рӯзи 1 октябри соли равон дар қаламрави кишвар нархи ҳар киловатт/соат неруи барқ барои тамоми категорияҳои истифодабарандагон ба ҳисоби миёна 15 фоиз зиёд гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти ин ширкат хабар доданд, баландшавии нарх барои аҳолӣ сатҳист. Пеш ин гурӯҳи истифодабарандагон барои ҳар кВт/соат 14,65 дирам маблағ пардохт менамуданд, акнун нархи ҳар киловатт/соат 16,85 дирамро ташкил медиҳад. Яъне, нархи ҳар киловатт/соат барои аҳолӣ ҳамагӣ 2,2 дирам боло бардошта шудааст.

Ба иттилои манбаъ, тағйироти нарх ба гурӯҳи камбизоати ҷомеа таъсир намерасонад, чунки маблағи онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн мегардад.

Хотиррасон менамоем, ки бо вуҷуди ин тағйирот, бино ба маълумоти Кумитаи омори ИДМ, имрӯз нархи қувваи барқ дар Тоҷикистон нисбат ба дигар давлатҳои узви ИДМ арзонтарин боқӣ мемонад.

Сентябрь 13, 2017 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд