Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Шуғнон майдончаи варзишӣ бунёд кард
ХОРУҒ, 05.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли ҷавонон дар маркази ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Шуғнон майдончаи варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Акнун ҷавонони ин ҷамоат имкон пайдо карданд, ки ҳам тамрин намоянд ва ҳам аз намудҳои мухталифи варзишӣ, ба мисли баскетболу волейбол, тӯби дастию гӯштин мусобиқа баргузор намоянд. Соҳибкори маҳаллӣ Гуламадшо Шосафедов гуфт, ки аксарияти ҷавонони деҳот ба варзиш майлу рағбати зиёд доранд, аммо барои машқу бозӣ ҷои муносиб надоштанд.
Дар давоми ду моҳ майдонча бо қувваи ҷавонон бунёд гардид. Он дорои бештар аз ду ҳазор ҷои нишаст буда, бо таҷҳизоти зурурии варзишӣ таъмин карда шуд.
Тавре Хусравбек Шакарбеков, сокини деҳа гуфт, «акнун дар ин майдончаи варзишӣ на танҳо мусобиқаҳои варзиширо байни ҷамоатҳои деҳоти ноҳия баргузор кардан мумкин аст, балки сокинони ҷамоат метавонанд ҷашну маросимҳои давлатию миллиро низ дар ин ҷо ботантана доир намоянд».








Дар Душанбе 176 кило гӯшти бедонаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда мусодира гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мегардад
«Қиссаҳои Шераки Ориён» аз чоп баромад
Дар Вена масоили густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии Австрия оид ба рушд баррасӣ шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд
Дар Остона ҷаласаи намояндагони аршади Саммити Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея баргузор гардид






