Суҳбат аз боби мубориза бо терроризм ва экстремизм дар Ситоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ
ДУШАНБЕ, 26.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ситоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Чораҳои муқовимат бо гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ, дар бораи фаъолиятҳои собиқ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва манбаъҳои маблағгузории он» бо иштироки намояндагони мақомоти салоҳиятдор ҷаласа баргузор шуд.
Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, иштирокдорони ҷаласа изҳор доштанд, ки экстремизми динӣ зуҳуротест, ки метавонад зери таъсири қувваҳои беруниву бегона пайдо шавад. Дар замони муосир экстремизм бо ёрии шабакаҳои интернетӣ имконияти бештари густариш додани идеологияи бунёдгарои худро дорад.
Ҳамчунин зикр шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии барномаҳои байналмилалии мубориза бо фаъолиятҳои экстремистӣ ва идеологӣ мебошад.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа масоили низоми амал ҳангоми таҳдидҳои экстремизми динӣ ва терроризм, фош намудан ва пешгирии таъсири ташкилотҳои террористӣ ба мафкураи насли наврас мавриди суҳбат қарор гирифт.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






