Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо раисони ноҳияҳои Деваштичи вилояти Суғд, Рашт, Нуробод, Лахш ва Сангвор
ДУШАНБЕ, 27.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раисони ноҳияҳои Деваштичи вилояти Суғд, Рашт, Нуробод, Лахш ва Сангвор суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Зимни суҳбат раисони ноҳияҳои номбурда ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи корҳои кишоварзӣ, ҷамъоварии ҳосили меваю сабзавот ва омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони дарпешистода ва иҷрои дигар дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диққати роҳбарони ноҳияҳои Деваштич, Рашт, Нуробод, Лахш ва Сангворро ба иҷрои саривақтии корҳо, кишти такрорӣ, истифодаи самараноки замин, ҷамъоварии беталафи ҳосил, аз ҷумла ғунучини картошка ҷалб намуданд.
Супоришҳо ҳамчунин доир ба захираи хӯроки чорво, маводи сӯзишворӣ, таъмини муассисаҳои тандурустию маориф бо ангишту дигар маҳсулоти зарурӣ ва иҷрои корҳои созандагию ободонӣ дода шуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо бояд барои ба мардум расондани ҳадафҳои созандаи роҳбарияти давлату ҳукумат, риоя ва дар амал татбиқ кардани қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.








Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд






