СУХАНҲОИ ДАҲЛЕЗӢ. Перомуни як мусоҳибаи Муҳиддин Кабирӣ, ки гапфурўшии навбатие беш набуд

Сентябрь 27, 2017 08:03

«Гуфт: Даҳлезист илло ин сухан…».

Ҷалолиддини Балхии Румӣ

 

ДУШАНБЕ, 27.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мусоҳибаи раҳбари фирории ташкилоти мамнӯъ ва террористии ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ бо хабарнигори сомонаи «Eurasia Daily», ки дар сомонаи  ksaadat.co  21 сентябри ҳамин сол пахш гардид, давоми амалҳои ноҷавонмардонаи ў мебошад.  

Кабирӣ ин дафъа ҳам, бо истифода аз фазлфурўшӣ ва риёкорӣ ба мусоҳиба пардохта, шахсияти худ ва пасон ҳизби фурўпошидаашро дар Аврупо аз нав ба намоиш гузошт. Мусоҳибаро наҳзатии «сахткўш», ҷаноби Истаравшанӣ дар сомонаи худ ҷой дода, ба ин васила корбарону муштариёни наздик ба худро дар ҷараёни ҳаводиси замон ва муҳимтар аз ин, персоналитети наҳзатӣ (дар шахси Кабирӣ) гузошт. Бе ин ҳам чандин сол аст, ки расонаҳои наҳзатӣ ва ба наҳзат наздик, ки пуштувонаи хориҷӣ доранд, дар дохил ва берун аз шахсияти Кабирӣ ва ҳизби хурофотпарасту фурсатталаб – ҲНИТ тамҷид карда, то имрўз бар имиҷи аздастрафта ва симои авомфиребонаи ин лидери созмони динӣ-мазҳабӣ «нуфуз» меафзоянд. Гузашта аз ин, баъзе сомона ва расонаҳои хориҷии ҳангомасозу воҳиматалаб барои буғранҷ сохтан ва ташаннуҷ бахшидани вазъ дар манотиқи осебпазир аз ин навъ шахсиятҳо ва аҳзоби сиёсии мақомгумкарда васеъ истифода мебаранд ва хабарҳои «доғ» интишор медиҳанд. Бо ин ният сомонаи «Eurasia Daily» мусоҳибаи худро бо раҳбари фирории наҳзатӣ Кабирӣ пахш намуд ва пойгоҳҳои дигари иҷтимоӣ аз ин фурсат истифода карда, барои гармтар кардани бозори иғвою ҳангома матлабро дар сафаҳоти худ ҷой доданд.

Аввал ин ки суолоте, ки аз ҷониби масъули бахши мусоҳиботи сомона ба Кабирӣ пешниҳод шудаанд, навию тозагӣ надоранд. Ин гуна пурсишу посух дар мусоҳиботи қаблии Кабирӣ бо расона ва сомонаҳои дигар садо додаанд.  Бинобарин,  ҷиддӣ гирифтани посухҳои Кабирӣ ба силсилаи суолоти мусоҳиб зарурат надорад. Аз ҷониби дигар, Кабирӣ ҳамеша дар мусоҳибаҳо мекўшад, ки худро миёни ҷомеаи сиёсӣ ва мадании аврупоӣ ба сифати коршиноси аршади масоили сиёсии минтақавӣ ва сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ  вонамуд созад ва боварии қишрҳои рўшангари ғарбӣ ва доираҳои сиёсии аврупойиро ба даст оварад. Аммо, чуноне ки мушоҳида мекунем, ин умеди Кабирӣ ҳоло ҷомаи амал напўшидааст ва ҷомеаи маданӣ ва фаъолони сиёсию иҷтимоии Аврупо ин симои наҳзатиро на танҳо ҷиддӣ напазируфтаанд, балки ўро, ғолибан намешиносанд (ҳарчанд ки Кабирӣ ба ҳар сў худро мезанад, то ўро шиносанд ва ҳадди ақал доираҳои маҳдуд ҳимоят намоянд).

Даву тоз, зораву нола, гапфурўшию шиорпароканӣ ва шикояту гилояи ў саранҷом ба ин анҷомид, ки паноҳгоҳи сиёсиаш доданд, аммо ин камӣ карду домани хостҳояш фаротар рафт. Ин бор созмонҳои байналмилалиро ба пуштибониаш даъват кардан мехоҳад ва назди онҳо масоили Тоҷикистони соҳибистиқлолро, ки дар бунёди он ҳатто заррае ҳам саҳм нагузоштааст, матраҳ мекунад.

Як тоҷире, ки сарчашмаи оғози тиҷораташ пулҳои режими мазҳабии хориҷист ва аз  тариқи пулу моли ҳаром мансабу мақом гирифта, дараҷаи илмӣ (номзади илмҳои сиёсӣ) дарёфт намуда, лаҷоми ҳизби сиёсиеро таҳти унвони ҲНИТ ба  даст овардааст, имрўз ба Аврупо исбот кардан мехоҳад, ки ҲНИТ созмони сиёсии адолатхоҳ, демократ, либерол ва озодандеш аст. Чӣ, магар Аврупо ва коршиносони аврупоӣ моҳияти ҳизби динӣ ва созмони сиёсии мазҳабиро намедонанд ва дар ташхиси муҳтавои фаъолиятҳои сиёсию мафкуравии ниҳоди даъвогари динӣ танқисӣ мекашанд? Дар шинохти вазъият аз лидери фирории наҳзатӣ мадад меҷўянд? Назари «коршиносона»-и Кабириро ба унвони асли илмӣ ва фаннӣ корбаст мекунанд?

На, ин тавр нест. Баръакс, онҳо вазъиятро дар Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна хеле дақиқ медонанд, коршиносони ҷиддӣ дар ин замина доранд ва муҳтоҷи ҳарфи газзофи Кабирӣ ва пуштибонони ў нестанд. Айб аст аз ҳизби авомфиребу куҳнапараст ва, ниҳоятан, террористӣ дар асри бисту як, ки мувофиқи талаботи низоми сиёсии дунявӣ ниҳодҳои динӣ аз умури сиёсӣ ва давлатӣ ҷудо шудаанд, ҳимоят кард ва ғояҳои нусхабардоришудаи низоми дунявиро ба он итлоқ дода, худро реклом намудан!

Кабирӣ ба дунболи суоли «Вазъи Тоҷикистонро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?» посухи кўтоҳ, вале сатҳӣ додааст. Сатҳияти посух дар он аст, ки ў масъалаи амнияту суботро, ки пояи ҳалли мушкилоти гуногун аст, амдан нодида мегирад ва тамаркузи давлат ва ҳукуматро ба ин асли муҳимми низоми зиндагии иҷтимоӣ нобаҷо медонад. Дар ҳоле ки тамоми давлатҳои минтақа ва ҷаҳон имрўз сари амнияту оромиши сиёсию иҷтимоӣ ҳарф мезананд ва дар ин замина эътилофоти гуногуни кишварҳо рўйи кор меояд, Кабирӣ дар Аврупо ин масъаларо сарфи назар мекунад ва авлавият додан ба масоили иқтисодӣ ва иҷтимоиро ҳадафи асосӣ медонад. Чашми кўр ва нотавонбин намебинад ва дидин намехоҳад, ки Тоҷикистон тадриҷан ба як кишвари ободу зебо ва орому амни минтақа ва ҷаҳон бадал гардидааст ва фазои муътадили иҷтимоӣ ва сиёсиеро, ки дар кишвар ҳукмфармост, дар ками андар кам  кишварҳо дидан мумкин аст. Муносиботи ҳасана миёни қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ, равобити фарҳангӣ, муоширати солими рўзмарра далели онанд, ки ҷумҳурӣ дар ҳоли амну субот ва оромиш қарор дорад. Илова бар ин, мубориза алайҳи терроризм ва экстремизми динӣ-мазҳабӣ, ки дар минтақа, зимнан, ба туфайли сиёсатбозиҳои Кабирӣ ва ҳаммаслакони наҳзатиаш ба миён омада, дар даҳ соли ахир хурофотпарастию ҷаҳолатписандӣ ва таассуби хатарборро дар баданаҳои иҷтимоӣ устувор сохт, кори дастаҷамъӣ аст. ҲНИТ ва раҳбари худхоҳи он Кабирӣ айёми дар қаламрави ҷумҳурӣ нуфуз доштан ин масъаларо ба унвони масъалаи калидӣ дар нутқу суханпароканиҳояшон истифода мебурданд ва акнун, ки хориҷ аз ватан қарор доранд, барои дур рондани сояи «террористу экстремист» аз худ ва ҳизб ба ин мушкили доғ аҳамият надода, амдан аз он сарфи назар мекунанд.

Воҳимаи дигари Кабирӣ дар мусоҳиба бар ин маъност, ки гўиё ў фаъолияти ҳизбро дар Тоҷикистон ва дигар манотиқи пасошўравӣ мутаваққиф сохтааст. Кабирӣ чӣ қудрате дошт, ки ҳизби диниро дар фазои пасошўравӣ мутаваққиф созад? Ба қавли ў, ба хотири эмин доштани аъзои ҳизб аз фишори дастгоҳҳои давлатӣ фаъолияти ҳизбро боздоштааст. Аҷабо, Кабирӣ дар ду дунё намехост (ва намехоҳад), ки фаъолияти ҲНИТ мутаваққиф шавад. Ба хотири нуфуз пайдо кардан ва аз назари молиявӣ худкифо шудан вай ҳаммаслакони зиндониашро  ба сифати дом ё «приманка» истифода мебарад, то эҳсоси отифии сарони созмонҳои сиёсии ҷаҳониро таҳрик бидиҳад ва аз ин тариқ неруи молиявӣ ва сиёсӣ пайдо намояд. Кабирӣ ҳамеша дар сар ҳавои салтанат карданро дорад ва, фарзан, агар иқтидори сиёсӣ ва низомӣ медошт, ҳатман қудратро ба даст мегирифт ва ҳокими мутлақ мешуд. Дар ин, фикр мекунам, ҷойи баҳс ҳам нест.

Қисмати дигари суханронӣ ба фаъолияти ҳизб дар хориҷа тааллуқ мегирад ва Кабирӣ мутмаинан мегўяд, ки дар Варшава, Берлин, Вена ва сойири манотиқи Иттиҳоди Аврупо панҷ дафтари ҳизбро боз кардааст. Ин «ибтикор»-ро на Кабирӣ, балки фармоишгарони пружаи наҳзатӣ рўйи даст гирифта, амалӣ сохтанд.

Дигар ин ки дар Аврупо, ки  маркази демократия ва озодандешист, ҳар созмони худкифои сиёсӣ ё фарҳангӣ метавонад марказ кушояд ва ба тарғиботи муътадил машғул шавад. Ин аст, ки кушодани дафтарҳои ҳизб дар Аврупо ва бо сармояи «дигарон» боз кардани макони таблиғот муъҷиза нест, аз ин лиҳоз  лоф задану ҳангома барпо кардан Кабирӣ дар робита бо ин  кори хуб нест.

Дар мавриди исломситезӣ дар Аврупо Кабирӣ мегўяд, ки муносибати аврупоиён ба муҳоҷирини мусулмони Осиёи Марказӣ бад нест. Мардуми аврупойӣ, махсусан лаҳистониҳо муҳоҷирони мусулмони мамолики пасошўравиро эҳтиром мекунанд. Суол ин ҷост, ки чаро эҳтиром мекунанд? Чунки шўравӣ, ба ҳар сурат давлати дунявӣ буд ва дин ва мазҳаб дар умури сиёсӣ ва фарҳангӣ дахолат намекард. Кабирӣ муддаъӣ аст, ки давлати миллӣ пеши роҳи ҷинояткорони динӣ-мазҳабӣ (дар либоси фохири имрўзӣ)-ро нагирад ва онҳо ҳар чӣ мехоҳанд, бикунанд. Аммо ў хуб дар ёд дорад, ки охири солҳои ҳаштодум ва ибтидои навадум маҳз рўҳониёни найрангбоз бо истифода аз номи ислом ва ҳизби динӣ (ҲНИТ) вориди набарди сиёсӣ-мафкуравӣ ва низомӣ шуда, ҷумҳуриро ба гирдоби ҷанги бародаркўшӣ кашиданд.  Вазъи воқеии онвақтаро, ба истиснои «корсозон»-и саҳнаҳои ҷангӣ(дар солҳои навадум) мардуми миёнсол ва солманди ҷумҳурӣ хеле хуб медонанд. Аммо Кабирӣ имрўз дар хориҷ аз неруи муҳоҷирони корӣ хуб истифода мебарад, то ҳадафҳои худро тариқи ин қувваи гипнозшудаи иҷтимоӣ пиёда созад. Кашидани муҳоҷирони корӣ ба ин бозии зишт кори сиёсатмадори худхоҳ ва ҷоҳталаб аст.

Тақаллуботи сиёсӣ дар бозиҳои пасипардагии қудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба мушоҳида мерасад, ки гоҳ-гоҳе, бо тақозои вазъи ҳаракати муҳраҳо, ҲНИТ минҳайси муҳраи сиёсӣ ва геополитикӣ ба бозӣ дароварда мешавад. Ба ҷуз ин, Тоҷикистон бо кишварҳои дигар, созмонҳои байналмилалӣ ҳамкорию равобити мутақобилан судмандро роҳандозӣ карда, то имрўз ҳамкориҳо давом ёфта истодаанд. Намедонам, манзури Кабирӣ кадом созмонҳо ва кишварҳо бошад, ки мо бо онҳо равобити хуб надорем. Агар манзур ҶИЭ бошад, дар ин самт муқассири асосӣ худи Кабирӣ аст, ки муносиботи дўстонаю бародаронаи ду миллати ҳамхуну ҳамфарҳангро ба хотири пиёда сохтани орзуҳои ғаразноки сиёсӣ ва ормонҳои пўсидаи динӣ ба бод дод. Агар манманиҳои Кабирӣ намебуд ва лофзанихои ў дар Эътилофи исломӣ дар фазои иттилоотию сиёсӣ «танин» намеандохт, имрўз сардии муносибот миёни ду кишвари ҳамхуну ҳамфарҳанг ба вуқўъ намепайваст. Бинобар ин, тирагии муносиботро ба ҳузуру нуфузи Арабистони Саудӣ дар минтақа нисбат додани Кабирӣ дуруст нест.

Агар мазҳаб дар миён набошад, муносиботи дўстонаи ин ду кишвар ҳеҷ гоҳ тира намешаванд, вале бозингароне мисли Кабирӣ дар оташи ин муносибот равған мерезанд.

         

Фаридун ОРИЁӢ,
таҳлилгар

Интерпол, Кабири

Сентябрь 27, 2017 08:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе доир ба нақши оила дар рушди сармояи инсонӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
АЗ ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ИФТИХОР ДОРЕМ. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд
«МегаФон Тоҷикистон» интернет туҳфа менамояд
Ҳилоли Аҳмари Эрон дар бораи марги президент ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон иттилоъ дод
Изҳороти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Яке аз чархболҳои корвон бо ҳузури Президенти Эрон фуруди сахт анҷом дод
«МАОРИФ-АСОСИ ТАКМИЛ ВА РУШДИ ИНСОН». Таҳти чунин унвон китоби нав нашр гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳию доманакӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор даври дуюми маҳфил-озмун ҷамъбаст карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад