Сумангул Тағойзода ва Анна Митянина таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои меҳнат ва шуғли аҳолиро баррасӣ карданд

Сентябрь 26, 2017 14:43

ДУШАНБЕ, 26.09.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Тавре қаблан иттилоъ дода будем, 25 сентябр ноиби   Губернатори Санкт-Петербург Анна Митянина бо ҳайати бонуфузи соҳибкорон ва аҳли фарҳанг ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе омад.

Тибқи барномаи тарҳрезишуда, баъд аз мулоқоту суҳбат бо роҳбарияти шаҳри Душанбе Анна Митянина бо  ҳайати ҳамроҳонаш ҷиҳати  баррасӣ ва таҳкими ҳамкорӣ  дар соҳаҳои меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода мулоқот намуд.

Дар мулоқот Сумангул Тағойзода зикр кард, ки  баъд аз  шаҳри Москва ва вилояти он, шаҳри Санкт-Петербургу  вилояти Ленинград  доир ба қабули муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақоми дуюм қарор доранд. Дар вилояти Ленинград муҳоҷирони меҳнатӣ асосан дар  соҳаҳои сохтмон, савдо, таъмиру  хизматрасонии техникӣ ва  хоҷагии қишлоқ фаъолият менамоянд.

Сумангул Тағойзода ҳамчунин иброз намуд, ки «боиси хушҳолист, ки ҳамкории   Вазорати   меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо Ҳукумати Санкт-Петебург, аз ҷумла бо Кумита оид ба меҳнат ва шуғли аҳолии ҳукумати Санкт-Петербург рушд меёбад. Махсусан баъди гузаштани  Рўзҳои Санкт-Петербург дар Душанбе (7-9 ноябри соли 2014) ин робита қавитар гардид. Натиҷаи ҳамин ҳамкорист, ки дар   Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград сафи  ҳамватанони муваффақи мо  дар   ҳамаи  соҳаҳо меафзояд».

Дар мулоқот ҳамчунин зикр гардид, ки  ҳамкории пайваста   натиҷаҳои  назаррас медиҳад. Аз ҷумла, бо дастгирии Кумита оид ба меҳнат ва шуғли аҳолии Санкт-Петербург дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа марказҳои машваратӣ ва бокортаъминкунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои Санкт-Петербург кушода шудаанд. Тавассути ин марказҳо теъдоди муайяни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври муташаккилона дар муассисаю ташкилотҳои Санкт-Петербург бо кор таъмин карда шуданд. Қарор дода шудааст,  ки фаъолият дар доираи ин лоиҳа минбаъд васеътар гардад ва дар ин самт   корҳо идома доранд.

Дар мулоқот Анна Митянина  низ  зикр кард, ки аз ҳамкории самаранок  байни  Кумита оид ба меҳнат ва шуғли аҳолии Санкт-Петербург  ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон   қаноатмандӣ дорад   ва ҳавасмандии ҷонибҳоро барои рушди минбаъдаи он баён дошт.

Мулоқот дар фазои ҳамдигарфаҳми ва ҳусни тафоҳум доир гардида, ҷонибҳо омодагии ҳаматарафаи худро баҳри таҳкими равобити дўстона ва ҳамкорӣ  ба  манфиати рушди босуботи ду кишвар ва мардуми он иброз намуданд.

Сентябрь 26, 2017 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе доир ба нақши оила дар рушди сармояи инсонӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
АЗ ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ИФТИХОР ДОРЕМ. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд
«МегаФон Тоҷикистон» интернет туҳфа менамояд
Ҳилоли Аҳмари Эрон дар бораи марги президент ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон иттилоъ дод
Изҳороти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Яке аз чархболҳои корвон бо ҳузури Президенти Эрон фуруди сахт анҷом дод
«МАОРИФ-АСОСИ ТАКМИЛ ВА РУШДИ ИНСОН». Таҳти чунин унвон китоби нав нашр гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳию доманакӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор даври дуюми маҳфил-озмун ҷамъбаст карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад