Таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Ҳамбурги Германия

Сентябрь 12, 2017 12:08

ДУШАНБЕ, 12.09.2017 /АМИТ “Ховар”/. Дар арафаи солгарди Истиқлолияти давлатӣ бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Германия дар якҷоягӣ бо Консулгарии фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминҳои федеролии Ҳамбург ва Шлезвиг-Ҳолштайни Германия бахшида ба 26 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади идона баргузор гардид.

Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷамъомади ҷашнӣ доираҳои сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангӣ, корпуси дипломатӣ, намояндагони парлумони Олмон ва парлумони замини Ҳамбург, намояндаи Вазорати федеролии корҳои хориҷӣ, ҳамватанони муқими Олмон ва гурӯҳи рӯзноманигорон ширкат варзиданд.

ГАМБУРГ-18Ҷамъомад бо садо додани сурудҳои миллии ҳарду кишвари дӯст оғоз гардида, сипас Сафири Тоҷикистон Маликшо Неъматов дар мавзӯи “Истиқлоият – бузургтарин дастоварди миллат” сухан гуфта, оид ба дастовардҳои давлату миллати тоҷик дар ин давраи таърихӣ маълумот пешниҳод намуд.

Вакили Парлумони Германия Юрген Климке иштирокчиёни ҷашнвораро табрик намуда, дастовардҳои солҳои охири Тоҷикистонро дар ҳама ҷабҳаҳо назаррас арзёбӣ намуд.

Ба ҳозирин филм-консерт оид ба имрӯзи Тоҷикистони соҳибистиқлол намоиш дода шуд, ки аз ҷониби иштирокчиён бо хушнудӣ пазируфта шуд. Ҳамзамон дар доираи ин ҷашнвора аз ҷониби Сафорати Тоҷикистон ва Консулгарии фахрӣ гӯшаи фарҳангӣ, намоиши китобҳо ва расмҳо оид ба Тоҷикистон пешкаши меҳмонон гардид.

Сентябрь 12, 2017 12:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад