ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 1 сентябр, ҷумъа, 244-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 121 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Сентябрь 1, 2017 09:32

 

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша  

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

1 сентябри соли 1948 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) таъсис ёфтааст.

***

1 сентябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси сеюми хотимавии Форуми байналмилалии Душанбе оид ба оби тоза баргузор гардида буд.

***

1 сентябри соли 2010 ба муносибати Рӯзи дониш ва сулҳ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки нави донишҷўии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 4 бинои нави таълимии онро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароити муосири таълиму тарбия дар онҳо аз наздик шинос шуда, бо олимону омўзгорон ва донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ вохўрии ошкорову пурсамар анҷом дода буданд.

 

1 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Тоҷикистон — Рӯзи дониш.

***

Дар Тоҷикистон — Рӯзи амалиёти иттифоқи касаба барои сулҳ.

***

Дар Ӯзбекистон – Рӯзи истиқлолият.

 

РӮЙДОДҲО:

1 сентябри соли 1939 Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино) ифтитоҳ гардидааст.

***

1 сентябри соли 1923 дар натиҷаи заминҷунбии шадид дар Япония зиёда аз 140 ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд.

***

78 сол муқаддам, 1 сентябри соли 1939 Ҷанги дуюми ҷаҳон оғоз гардида, 2 сентябри соли 1945 ба охир расида буд.

***

Дар ин рӯзи соли 1962 СММ хабар дод, ки  аҳолии кураи замин аз 3 миллиард нафар зиёдтар шудааст.

***

1 сентябри соли 1926 дар Туркия никоҳи шаҳрвандӣ иҷозат дода шуд.


ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1931 дар Тоҷикистон аввалин мактаби олӣ – Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе ( ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) таъсис дода шуд.

***

Соли 2012 дар шаҳри Душанбе Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин Мактаби байналмилалии президентиро ифтитоҳ намуда буданд.

Сентябрь 1, 2017 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, шанбе, 349-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, ҷумъа, 348-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, чоршанбе, 346-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, сешанбе, 345-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 декабр, душанбе, 344-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 декабр, якшанбе, 343-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 декабр, шанбе, 342-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 декабр, ҷумъа, 341-умин рӯзи соли 2024 аст