ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 14 сентябр, панҷшанбе, 257-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 108 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Сентябрь 14, 2017 07:43

 

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша  

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

14 сентябри соли 2005 дар таърихи навини Тоҷикистон боз як рӯйдоди басо муҳиму арзишманди байналмилалӣ ба вуқӯъ пайваста буд. Дар ин рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз минбари олитарин ташкилоти бонуфузи олам — Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ намуда, диққати аҳли сайёраро ба ҳалли масъалаҳои глобалии умумибашарӣ ҷалб намуданд.

***

14 сентябри соли 2015 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбаев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Арманистон Серж Саргсян ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, ки барои иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба Душанбе ташриф оварда буданд, мулоқот анҷом доданд.

***

6 сол қабл, 14 сентябри соли 2011 дар Украина Шӯрои ҷамъиятҳои Тоҷикистон таъсис дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 Тоҷикистон ва Қазоқистон шарики стратегӣ шуданд.

 

14 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар ИМА – Рӯзи суруди миллӣ.

***

Дар Украина – Рӯзи сафарбаркунии кормандон.

 

РӮЙДОДҲО:

14 сентябри соли 2009 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ маросими кушодашавии филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов баргузор гардида буд.

***

7  сол муқаддам, 14 сентябри соли 2010  дар Маҷмааи давлатии  «Кохи Вахдат» машварати навбатии роҳбарони роҳи оҳани кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Балтия баргузор гардида буд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар шаҳри Душанбе дар ҷараёни брифинг   ҷавонони тоҷикро барои таҳсил ба мактабҳои олии Қазоқистон даъват намуд.

***

14 сентябри соли 1811 дар Пруссия сохти феодалӣ бекор карда шуд.

***

14 сентябри соли 1957 СММ ба Венгрия даромадани қӯшунҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравиро маҳкум кард.

***

14 сентябри соли 1991  Ҳизби коммунистии Ӯзбекистон пароканда шуда, аз нав ҳамчун Ҳизби Халқӣ-Демократӣ ташкил гардид.

 

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли  1939 дар ИМА аввалин маротиба парвози чархбол ба ҳаво сурат гирифт.

Сентябрь 14, 2017 07:43

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, шанбе, 349-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, ҷумъа, 348-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, чоршанбе, 346-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, сешанбе, 345-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 декабр, душанбе, 344-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 декабр, якшанбе, 343-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 декабр, шанбе, 342-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 декабр, ҷумъа, 341-умин рӯзи соли 2024 аст