ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 17 сентябр, якшанбе, 260-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 105 рӯзи дигар боқӣ мондааст
Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
17 сентябри соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таҳрири нав ба имзо расониданд.
***
8 сол қабл, 17 сентябри соли 2009 дар шаҳри Душанбе конференсияи байналмилалии «Молия барои рушди авиатсия» баргузор гардида буд.
***
17 сентябри соли 2013 дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон кӯдакистони Президентӣ барои 1000 нафар кӯдакони болаёқат ба истифода дода шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати кишвар Конференсияи байналмилалӣ бахшида ба 20-солагии таъсиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Адолати суди конститутсионӣ- кафолати таъмини волоияти Конститутсия» баргузор гардида буд.
17 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Тоҷикистон, Россия, Беларус, Қирғизистон, Украина — Рӯзи кормандони хоҷагии ҷангал (якшанбеи сеюми моҳи сентябр).
***
Дар Ангола – Рӯзи қаҳрамонон.
***
Дар Украина – Рӯзи командони мудофиаи гражданӣ.
***
Дар ИМА – Рӯзи конститутсия.
***
Дар Қазоқистон – Рӯзи модар (якшанбеи сеюми моҳи сентябр).
РӮЙДОДҲО:
17 сентябри соли 2010 маросими ифтитоҳи ҳафтаи Германия дар Тоҷикистон баргузор гардид.
***
4 сол пеш, 17 сентябри соли 2013 дар Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ба итмом расидани марҳилаи аввали амалишавии лоиҳаи «Шаҳри бехатар» нишасти матбуотӣ баргузор гардида буд.
***
17 сентябри соли 2016 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ маросими ифтитоҳи 76-умин мавсими театрӣ баргузор гардид.
***
17 сентябри соли 1918 дар Испания клуби футболи «Валенсия» ташкил гардидааст.
***
Дар ин рӯзи соли 1941 дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ омӯзиши ҳатмии корҳои ҳарбӣ барои ҳамаи шаҳрвандон ҷорӣ карда шуд.
***
17 сентябри соли 1991 Латвия, Литва, Эстония, Кореяи Шимолӣ ва Ҷанубӣ аъзои СММ шуданд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1922 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия аввалин консерти радиоӣ баргузор гардидааст. Дар ин рӯз аввалин маротиба калимаҳои «Гӯш кунед! Москва гап мезанад!» садо дода буданд.