ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 19 сентябр, сешанбе, 262-юмин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 103 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Сентябрь 19, 2017 08:01

 

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша 

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

19 сентябри соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи қатъиян манъ кардани ҷамъоварӣ ва содироти шираи камол фармон имзо карда буданд.

***

 4 сол пеш, 19 сентябри соли 2013 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия», «Дар бораи зотпарварӣ», «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ» ва «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ»-ро ба имзо расонида буданд.

 

19 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Молдова – Рӯзи кормандони авиатсияи шаҳрвандӣ.

***

Дар Россия – Рӯзи силоҳсозон.

***

Дар Чили – Рӯзи қувваҳои мусаллаҳ.

 

РӮЙДОДҲО:

19 сентябри соли 1864 дар ИМА нишастгоҳи кушодашавандаи мошин ихтироъ карда шудааст.

***

27 сол пеш аз ин, 19 сентябри соли 1990 дар шабакаи ҷаҳонии интернет аввалин домени ватании SU –домени дохилии сатҳи баланд барои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба қайд гирифта шудааст.

***

Дар ин рӯзи соли 1973 дар Федератсияи Россия низоми ягонаи ҳимояи ҳуқуқи муаллиф таъсис дода шудааст.

***

19 сентябри соли 2006 дар Тайиланд табаддулоти давлатӣ ба амал омада буд.

 

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1888 аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон дар Белгия озмуни зебоӣ баргузор гардида буд.

Сентябрь 19, 2017 08:01

Хабарҳои дигари ин бахш