ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 25 сентябр, душанбе, 268-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 97 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Сентябрь 25, 2017 11:41

 

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша 

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

25 сентябри соли 2008 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти махсуси сатҳи олӣ дар мавзӯи «Об ва беҳдошти санитарӣ барои ҳамагон» суханронӣ карда буданд.

***

9 сол қабл, 25 сентябри соли 2008 дар ИМА Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бо Директори генералии ЮНЕСКО Коучиро Матсуура,  Шоҳзодаи Нидерланд Вилям Александр ва муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Вилям Бернс мулоқот анҷом доданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2012 дар ноҳияи Данғара Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат ифтитоҳ гардидааст.

 

25 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Мозамбик – Рӯзи қувваҳои мусаллаҳ.

***

Дар Франсия –Рӯзи миллӣ.

***

Дар ИМА – Рӯзи миллии масхарабозон.

 

РӮЙДОДҲО:

25 сентябри соли 2006  дар шаҳри Душанбе ба муносибати 10- солагии таъсиси Донишгоҳи (славянии) Россияву Тоҷикистон ҷамъомади идона баргузор гардид.

***

25 сентябри соли 2013 дар маркази маъмурии ноҳияи Рашт муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон- Шоҳ Исмоили Сомонӣ гузошта шуд.

***

78 сол муқаддам, 25 сентябри соли 1939 дар Германия барои фурӯши нон ва орд меъёр муайян карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1991 ИМА қарор дар бораи манъи интиқоли аслиҳа ба Югославияро маъқул донист.

 

***

25 сентябри соли 1996 дар Россия аввалин нашриёти мусиқавии “СОЮЗ” рӯнамоӣ шуда буд.

 

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ

Соли 1818 табиби англис Ҷеймс Бланделл аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон амалиёти хунгузарониро аз як нафар ба нафари дигар доир кард.

***

Соли 1909 Президенти вақти Франсия Арман Фалйер  дар Париж ба аввалин намоиши байналмилалии ҳавонавардӣ расман оғоз бахшид.

Сентябрь 25, 2017 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, шанбе, 349-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, ҷумъа, 348-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, чоршанбе, 346-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, сешанбе, 345-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 декабр, душанбе, 344-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 декабр, якшанбе, 343-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 декабр, шанбе, 342-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 декабр, ҷумъа, 341-умин рӯзи соли 2024 аст