ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 6 сентябр, чоршанбе, 249-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 116 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Сентябрь 6, 2017 08:34

 

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша 

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

6 сентябри соли 1999 дар майдони “Дӯстӣ”-и шаҳри Душанбе муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ гузошта шуд, ки 13 метр баландӣ дорад.

***

6 сентябри соли 2009 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани бемористони хусусии  Абуалӣ Ибни Сино, воқеъ дар кӯчаи Фотеҳ Ниёзии шаҳри Душанбе иштирок намуда буданд.

***

5 сол пеш, 6 сентябри соли 2012 ҷавондухтари варзишгар, муштзани бомаҳорат Мавзуна Чориева, ки дар бозиҳои ХХХ олимпии Лондон ба гирифтани ҷойи сеюм ва медали биринҷии олимпӣ мушарраф гардида, парчами давлатии Тоҷикистонро дар он ҷо парафшон намуда буд, бо ордени Шараф ва 200 ҳазор сомонӣ ҷоизаи президентӣ сарфароз гардонда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 Корхонаи истеҳсоли сементи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷ-Чайна-2013» ба истифода дода шуд.

 

6 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Покистон – Рӯзи мудофиа.

***

Дар Чили – Рӯзи ваҳдати миллӣ.


РӮЙДОДҲО:

6 сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе дуюмин пойгоҳи инноватсионии ронандагии «Автодром» ифтитоҳ ёфт.

***

6 сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Sheraton Dushanbe Hotel» ба истифода дода шуд.

***

6 сентябри соли 1873 Федератсияи футболи Шотландия таъсис дода шудааст, ки яке аз қадимтаринҳо дар ҷаҳон мебошад.

***

118 сол муқаддам, 6 сентябри соли 1899  ИМА барои муносибат бо Чин   сиёсати «дарҳои кушод»-ро эълон карданд.

***

Дар ин рӯзи соли 1936 унвони фахрии «Артисти халқии Иттиҳоди Шӯравӣ» таъсис дода  шуд.

***

6 сентябри соли 2000 дар Ню-Йорк вохӯрии ҷашнии сарони давлатҳои узви СММ «Саммити ҳазорсола» баргузор гардида буд.

 

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2006 аввалин шумораи маҷаллаи давлатӣ – сиёсӣ ва ҷамъиятӣ- фарҳангии «Бонувони Тоҷикистон» аз чоп баромад.

***

Соли 2011 дар шаҳри Душанбе бинои баландошёна – маркази тиҷоратии «Душанбе-Плаза» ба истифода дода шуд.

Сентябрь 6, 2017 08:34

Хабарҳои дигари ин бахш