ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 7 сентябр, панҷшанбе, 250-юмин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 115 рӯзи дигар боқӣ мондааст
Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
7 сентябри соли 1994 матни Суруди миллии Тоҷикистон (шеъри Гулназар Келдӣ) қабул гардид.
***
7 сентябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пратибҳа Патил дар қароргоҳи Ҳукумати мамлакат дар ноҳияи Варзоб дар Форуми соҳибкорону сармоягузорони ду кишвар иштирок намуданд.
***
7 сол пеш, 7 сентябри соли 2010 китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» бо забони чинӣ аз чоп баромад.
7 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи байналмилалии нобудкунии бозичаҳои ҳарбӣ.
***
Дар Бразилия – Рӯзи истиқлолият.
***
Дар Мозамбик – Рӯзи ғалаба.
РӮЙДОДҲО:
7 сентяби соли 2002 дар шаҳри Душанбе панҷумин Форуми байналмилалии тоҷикон ва форсизабонон баргузор гардида буд.
***
94 сол муқаддам, 7 сентябри соли 1923 Ташкилоти байналмилалии полиси ҷиноӣ — Интерпол таъсис дода шудааст.
***
Дар ин рӯзи соли 1928 дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ордени «Байрақи сурхи меҳнат» таъсис дода шуд.
***
7 сентябри соли 1939 дар Германия барои «таҳдид ба иқтидори мудофиавии мардуми Германия» ҳукми қатл ҷорӣ карда шуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1993 дар Нижний Новгороди Федератсияи Россия аввалин маротиба осорхонаи русии аксҳо ифтитоҳ гардид.