ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 9 сентябр, шанбе, 252-юмин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 113 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Сентябрь 9, 2017 09:33

 

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

9 сентябри соли 1991 дар ҷаласаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эъломия ва қарор «Дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳури Тоҷикистон» қабул карда шуданд.

***

9 сентябри соли 2016 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе ба ифтихори солгарди 25-уми Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хиёбони Рӯдакӣ то кӯчаи Исмоили Сомонӣ роҳпаймоӣ доир гардид, ки дар он 52 ҳазор нафар донишҷӯёни макотиби олӣ, мактаббачагон ва кормандони муассисаҳои давлатии кишвар ширкат доштанд.

 

9 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Рӯзи истиқлолияти давлатӣ.

***

Рӯзи байналмилалии зебоӣ.

***

Дар Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея – Рӯзи истиқлолият.

РӮЙДОДҲО:

9 сентябри соли 2008 дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон навбати дуюми корхонаи «Оби зулол»-ро ба истифода доданд.

***

9 сентябри соли 1835 дар Франсия барои матбуот сензураи шадид ҷорӣ карда шуд.

***

91 сол муқаддам, 9 сентябри соли 1926 шабакаи телевизионии Америка Эн-Би-Си таъсис дода шудааст.

 

***

Дар ин рӯзи соли 1961 дар Киев аввалин ҳунарнамоии Балети давлатии Украина дар рӯйи ях баргузор гардидааст.

***

9 сентябри соли 1969 дар Канада қонуни забон қабул гардид, ки  тибқи он забонҳои англисӣ ва франсузӣ дар тамоми ҳудуди кишвар забони расмӣ эълон карда шуд.

 

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 

Соли 2011  дар шаҳри  Душанбе роҳпаймоии 3000 –нафара баргузор гардид, ки дар он  ҷавонон парчами давлатии Тоҷикистонро бо дарозии 2011 метр, паҳноии (бар) 7 метр ва вазни 860 килограмм аз майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт гузарониданд.

***

Соли 1886 дар пойтахти Швейтсария- шаҳри Берн Конвенсия дар бораи ҳифзи маҳсули адабиёт ва санъати бадеӣ ба имзо расидааст, ки аввалин созишномаи байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи муаллиф мебошад.

 

Сентябрь 9, 2017 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, шанбе, 349-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, ҷумъа, 348-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, чоршанбе, 346-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, сешанбе, 345-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 декабр, душанбе, 344-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 декабр, якшанбе, 343-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 декабр, шанбе, 342-юмин рӯзи соли 2024 аст