Табибон аз Санкт-Петербург бо ҳамкасбони душанбегиашон мубодилаи афкор менамоянд

Сентябрь 25, 2017 14:48

ДУШАНБЕ, 25.09.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Тавре  қаблан иттилоъ додем,  аз 25 то 27 сентябри соли равон  дар шаҳри Душанбе мулоқоту суҳбатҳои ҳайати фарҳангӣ – соҳибкории Санкт-Петербург  таҳти раёсати  ноиби Губернатори Санкт-Петербург Анна Митянина бо роҳбарияти  пойтахт  ва намояндагони дигар сохторҳои марбутаи кишвар баргузор мегардад. Дар доираи ин сафар баргузории барномаҳои фарҳангӣ ва суҳбатҳои барои ҳарду ҷониб судманд пешбинӣ шудааст.

Тавре сардори  Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе  Хушвахт Шарифзода ба АМИТ «Ховар» хабар дод,  панҷ нафар табибони  соҳаҳои гуногуни  шаҳри Санкт-Петербург — табиби саратоншинос Нуринисо Абдуллоева, анестезиолог-реаниматологҳо  Вячеслав Кулаков ва Артём Шетинин,  ҷарроҳи кӯдакона Татяна Патрикева,  неонатолог Екатерина Харитонова   бо ҳамкасбони душанбегии худ  дар   мавзӯи   навтарин дастовардҳои  илми тиб,  истифодаи онҳо дар таҷриба ва дигар масъалаҳои  ба он марбут мубодилаи афкор  менамоянд.

«Хайати мазкур тайи се рӯз дар Маҷмааи давлатии «Истиқлол»  бо ҳайати профессорону докторони тибби  маҷмааи мазкур, табибони  беморхона ва марказҳои саломатии шаҳри Душанбе  дарсҳои омӯзишӣ баргузор менамояд. Ба ғайр аз ин табибони санкт-петербургӣ дар ин рӯзҳо қисман    ба аҳолии пойтахт кумаку машварати ройгони тиббӣ мерасонанд»,- афзуд Х. Шарифзода.

Сентябрь 25, 2017 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад