«Тоҷикагролизинг» барои ҷамъоварии шолӣ 10 комбайни навъи «Класс-Тигер» ворид кард
ДУШАНБЕ, 27.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» аввалин маротиба барои шоликорони ҷумҳурӣ аз Германия 10 адад комбайнҳои тасмачарх ва чархдори шолидарави навъи «KLAAS-Tiger» ворид намуд.
Тавре дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» директори КВДҶ Юсуф Акрамзода иброз намуд, «ин комбайнҳо мушаххасоти баланди техникӣ дошта, муосиртарин техникаи асри 21 маҳсуб меёбанд. Онҳо дар асоси дархости хоҷагиҳои шолипарвари вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ворид карда шудаанд».
Юсуф Акрамзода мегӯяд, ки муҳаррики ин комбайнҳо дорои 76 қувваи асп буда, арзи досашон 3,2 метр ва ғунҷоиши бордони ғалла 1,7 тонна мебошад. ««KLAAS-Tiger» дар заминҳои намнокиашон баланд ба осонӣ кор карда, масрафи хеле ками сӯзишворӣ дорад»,-гуфт ҳамсуҳбат.
Дар айни замон ду адад комбайни шолидарав ба хоҷагиҳои деҳқонии Регар ҷудо гардид. Деҳқонони минтақа иброз медоранд, ки то ин дам онҳо моҳҳо шолиро дастӣ дарав намуда, чанд нафарро ҳамчун коргари кироя барои дарави шолӣ ҷалб менамуданд. «Тоҷикагролизинг» ният дорад, ки ба хоҷагиҳои шолипарвари минтақа тибқи дархосташон боз чанд адади дигар чунин комбайнҳоро ҷудо намояд.
Тавре мутахассисон иброз медоранд, бартарии комбайнҳои мазкур аз он иборат аст, ки онҳо дар ҳама гуна заминҳо, махсусан заминҳои ботлоқӣ ва рутубаташон зиёд бемамониат кор мекунанд. Хусусияти дигари ин комбайнҳо он аст, ки хурдҳаҷм буда, дар заминҳои ноҳамвор низ ҳосилро ба осонӣ ҷамъоварӣ менамоянд.
Бино ба маълумоти директори «Тоҷикагролизинг», корхона дар дар назди худ вазифа гузоштааст, ки дар ояндаи наздик тракторҳои гуногунтамғаи тасмачарху чархдор, таҷҳизоти пиёзшинонӣ, пиёзканӣ, картошкашинонаку картошкаканак, инчунин тамоми намудҳои тухмипошакҳои зироати ғалладонагӣ, решаканак ва мошинҳои сарчинро ба корхонаҳои истеҳсолкунанда фармоиш дода, ба кишвар ворид намояд.
«Яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кишвари аграрӣ-саноатӣ ба кишвари саноатӣ-аграрӣ табдил додани ҷумҳурӣ мебошад. Бо ин мақсад корхона вазифадор гардидааст, ки дар заминаи механиконидани соҳаи кишоварзӣ фаъолиятро ҷоннок намуда, марҳила ба марҳила роҳҳои ҳалли масъалаи мазкурро ҷустуҷӯ намояд»,-афзуд директори Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» Юсуф Акрамзода.










Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






