Тоҷикистон ба амалигардонии Ҳадафҳои Рушди Устувор таваҷҷуҳи махсус медиҳад
ДУШАНБЕ, 22.09.2017/АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе дар мавзӯи «Вусъат бахшидани ҳамоҳангсозии байниидоравии мақомоти масъул дар сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва омори ҳаётӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш доир гардид. Дар он вакилони Парлумони Тоҷикистон ва кормандони масъули вазорату идораҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Хайриниссо Юсуфӣ, муовини раиси Маҷлиси намояндагон зимни конфронс гуфт, ки «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ 24 сол қабл дар чандин бахш Созишнома дар бораи ҳамкории судманд ба имзо расониданд. Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ, дар радифи дигар кишварҳои дунё Декларатсияи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсоларо (ҲРҲ) ба тасвиб расонид. ҲРҲ то соли 2015-ум 8 мақсади асосӣ, аз қабили паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гуруснагӣ дар ҷаҳон, ба таҳсил фаро гирифтани аҳолӣ, баробарии гендерӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон, пешгирии фавти кӯдакон, беҳтар намудани ҳифзи солимии аҳолӣ, мубориза бар зидди паҳншавии бемориҳои сироятӣ, таъмини устувории экологӣ ва инчунин тавсеаи ҳамкории ҷаҳонӣ бо мақсади рушдро муайян намуда буд».
Соли 2015 Ҳадафҳои Рушди Устувор барои то соли 2030 қабул гардид. Таъкид гардид, ки Парлумони Тоҷикистон ба Декларатсияи Ҳадафҳои Рушди Устувор эътибори ҷиддӣ дода, барои амалӣ гардидани ҳадафҳои он бо қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ саҳми босазо мегузорад. Дар ин росто се сол пеш дар назди Маҷлиси намояндагон Кумитаи миллӣ оид ба масъалаҳои аҳолӣ ва рушд таъсис дода шуд.
Зикр шуд, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон силсилаи санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ таҳия ва ба тасвиб расидаанд, ки ҷиҳати ба низом даровардани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва риояи талаботи санадҳои қонунгузорӣ муфиду арзишманд ва ҷавобгӯи замон мебошанд.
Иштирокдорони конфронс аз як зумра марказу муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ дидан намуданд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






