Тоҷикистону Финляндия доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи рушд барои солҳои 2018-2021 Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 21.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи умумии СММ 20 сентябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири савдои хориҷӣ ва рушди Финляндия Кай Миканен мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории минбаъдаро дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла тиҷорат, мудирияти захираҳои об ва обуҳавошиносӣ муҳокима карданд.
Дар поёни мулоқот байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Финляндия доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи рушд барои солҳои 2018-2021 Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






