«Тоҷикона ҷаҳонӣ шавем!»- фестивали либосҳои миллӣ дар Хатлон

Сентябрь 6, 2017 10:12

ДУШАНБЕ, 6.09.2017. /АМИТ «Ховар»/.  Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври якуми Фестивали ҷумҳуриявии «Тоҷикона ҷаҳонӣ шавем!»-ро дар маркази вилоят- шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки занону духтарони 25 шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор намуд.

Бино ба иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ҳадаф аз  баргузории фестивал- арҷ гузоштан ба либоси миллӣ, бедор намудани ҳисси ифтихори миллӣ ва намоиш додани ҳунари волои тарроҳони ватанӣ мебошад.

Тавре иттилоъ дода шуд, фестивал аз се бахш- бахши либосҳои расмӣ бо назардошти хусусиятҳои хоси либоси миллӣ, бахши либосҳои миллӣ барои духтарону занони аз 20 то 50 сола ва бахши либоси миллии арӯсӣ  иборат буд.

Дар фестивали мазкур бонувони тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолона иштирок намуда, беш аз 150 намуди либосҳои миллиро ба намоиш бароварданд.

Сентябрь 6, 2017 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд