Вазирони корҳои дохилии давлатҳои узви Интерпол барои мубориза бо таҳдиду хатарҳои замони муосир изҳори омодагӣ карданд
ДУШАНБЕ, 27.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар раванди баргузории 86-умин Ассамблеяи генералии Интерпол, ки дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин идома дорад, вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо муовини Вазири корҳои дохилии Туркия Мехмет Эрсой ва муовини Вазири умури дохилии Афғонистон Мурод Алӣ Мурод баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ масоили ҳамкорӣ дар самти мубориза бо ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ ва қонуншиканиҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо барои рушди ҳамкории муштарак изҳори омодагӣ намуданд.
Зимни вохӯрӣ бо ҳайати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таҳти роҳбарии муовини Вазири умури дохилии ин кишвар генерал Мурод Алӣ Мурод зикр гардид, ки мардуми Тоҷикистон бо Афғонистон забону фарҳанги муштарак дошта, дар ҳамсоягию ҳамҷаворӣ тӯли қарнҳо бо ҳам муносибату равобити дӯстона доранд. Ин ҳамкорӣ дар заминаи санадҳои ба имзорасидаи дуҷониба боз ҳам тақвият ёфта, дар мубориза бо таҳдиду хатарҳои замони муосир мусоидат менамоянд. Дар ин раванд ҷонибҳо зарур шумориданд, ки мубодилаи иттилоот ва табодули таҷриба байни мақомоти корҳои дохилии ду кишвар самаранок ба роҳ монда шавад.
Ҳамчунин дар ҷараёни мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо муовини Вазири корҳои дохилии Туркия Мехмет Эрсой ҷонибҳо зикр карданд, ки вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Туркия дар ҳамкории зич қарор дошта, онро дар самтҳои мухталиф пайваста инкишоф медиҳанд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ тарафҳо оид ба ҳамкории судманди ду мақомот ҷиҳати кофтукови шахсони дар ҷустуҷӯ қарордошта, дастгир ва истирдоди ҷинояткорони дар кофтукови байналмилалии «Интерпол» буда ва тақвият додани мубодилаи иттилооти фаврӣ табодули афкор намуданд. Зикр гардид, ки дар мубориза бо ҷиноятҳои фаромиллӣ, аз қабили терроризм, экстремизм ва дигар ҷиноятҳои муташаккил ҳамкории ду мақомот дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст. Ҷонибҳо ҳамчунин барои мубориза бо таҳдиду хатарҳои замони муосир изҳори омодагӣ карданд.
Ёдовар мешавем, ки 86-умин Ассамблеяи генералии Интерпол бо иштироки вазирони корҳои дохилии давлатҳои узви Ташкилоти Байналмилалии Полиси ҷиноятӣ — Интерпол 26 сентябр дар шаҳри Пекин оғоз ёфт ва то 29 сентябр идома меёбад.








3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






