ВКД ХАБАР МЕДИҲАД: боздошти мудири дорухона бо гумони азонихудкунии беш аз 27 ҳазор сомонӣ
ДУШАНБЕ, 05.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти мудири дорухонаи яке аз ҷамъиятҳои масъулияташ маҳдуди шаҳри Хуҷанд, ки дар суиистифодаи беш аз 27 ҳазор сомонӣ маблағҳои корхона гумонбар мешавад, хабар додааст.
Тавре аз Вазорат иттилоъ доданд, зимни доир намудани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 46-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, мудири дорухонаи яке аз ҷамъиятҳои масъулияташ маҳдуди шаҳри Хуҷанд, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд.
Ба иттилои манбаъ, номбурда дар давраи фаъолияти кориаш аз моҳи сентябри соли 2015 то 25 майи соли равон бо суиистифода аз ваколатҳои мансабӣ 23 ҳазору 703 сомониро, ки ба ҷамъияти мазкур тааллуқ дорад, аз они худ карда, барои эҳтиёҷоташ сарф намудааст.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






