Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо вакили Парлумони Япония
ДУШАНБЕ, 26.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҳамрохон Зарифӣ 22 сентябр бо вакили Палатаи намояндагони Парлумони Япония Китагава Томокатсу мулоқот доир намуд.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар оғози гуфтугӯ сатҳи баланди ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Япония дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла вобаста ба дастгирии ташаббусҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ зикр гардид.
Ҳамчунин ҷонибҳо доир ба масоили мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Япония мубодилаи афкор намуда, зарурати мувофиқа намудани созишномаҳои дуҷониба ва ба имзо расонидани онҳоро таъкид карданд.
Мусоҳибон инчунин тавсеаи мунтазами ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Японияро, қабл аз ҳама, дар доираи Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ муфид арзёбӣ карданд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






