Забоншиносони кишвар масъалаҳои табиати иҷтимоии забонро баррасӣ мекунанд — конференсияи илмӣ бахшида ба ҷашни забон

Сентябрь 27, 2017 11:40

ДУШАНБЕ, 27.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Масъалаҳои табиати иҷтимоии забон» — таҳти чунин унвон 29 сентябри соли равон, соати 10:00, дар толори Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллои Рӯдакии Академияи илмҳои ҶТ конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ доир мегардад.

Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи забони Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи А. Рўдакии АИ ҶТ Сайфиддин Мирзоев хабар дод.

Ба иттилои Сайфиддин Мирзоев, ин ҳамоиши илмӣ ба ҷашни забони давлатӣ бахшида мешавад ва дар он тамоми олимону забоншиносон ва  устодони донишгоҳу донишкадаҳои кишвар ширкат намуда, доир ба омилҳои ташаккули сиёсати забон, густариши забони тоҷикӣ, мақоми забони давлатӣ ва дигар мавзӯъҳои муҳими вобаста ба рушди забони тоҷикӣ маърӯза менамоянд.

Конференсияи мазкур дар ҳамбастагӣ бо Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Сентябрь 27, 2017 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа