ЗИКРИ ХАЙР. Дар Хуҷанд дар бораи Бобоҷон Ғафуров китоби нав аз чоп баромад
ДУШАНБЕ, 15.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд китоби «Нобиға», ки ба қалами профессор Усмонҷон Ғаффоров ва номзади илмҳои таърих Аюбҷон Усмонов тааллуқ дорад, аз нашр баромад.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, китоби мазкур ба таҳқиқу баррасии рўзгору осори академик Бобоҷон Ғафуров ҳамчун ходими сиёсиву давлатӣ, олим ва муаррих бахшида шудааст.
Манбаъ иттилоъ дод, ки «китоб барои мутолиаи доираи васеи хонандагон пешниҳод шуда, дар он мақоми Бобоҷон Ғафуров-шахсияти барҷастаи таърихи миллати тоҷик ва густаришу таблиғи андешаи миллӣ бар асоси корномаҳо ва таълифоти ў шарҳу тавзеҳ ёфтаанд». Тавре шоир фармудааст:
Зиндаю ҷовид монд ҳар кӣ накӯном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.
Академик Носирҷон Салимӣ дар пешгуфтори китоб навштааст, ки «маҷмўа гуфторҳои нодири Бобоҷон Ғафуровро бар асоси сарчашмаҳои мухталиф, суҳбат бо афроде, ки бевосита ҳамнишини ин қаҳрамони миллати тоҷик буданд, гирд оварда, дорои аҳамияти хосса ва мероси маънавии ин фарзанди бузурги миллат маҳсуб меёбад».
«Нобиға» пас аз «Тоҷикшиноси бузург» дуюмин китобест, ки ба истиқболи 110 — солагии академик Бобоҷон Ғафуров нашр гардидааст.








Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид






