Зиндагии муназзам — кафолати ҳаёти босаодат

Сентябрь 5, 2017 16:00

ДУШАНБЕ, 05.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бо ширкати кормандони сохторҳои мақомоти иҷроия, имомхатибон, кормандони сохторҳои  кудратӣ ва фаъолони ноҳия маҷлиси васеъ доир гардид.

Дар ҷамъомад сардори раёсати назорати умумии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири адлия Абдусамеъ Содиқзода дар бораи ба имзо расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  сухан гуфт. Ӯ махсусан моддаҳои алоҳидаи  ин қонунро ба  иштирокдорон шарҳ дода, иброз дошт, ки ҳадафи асосии қабули ин қонун беҳбудӣ бахшидан ба зиндагии мардум, хотима додан ба харҷу исрофкории беҳудаю бемаврид аст. Ҳамчунин мавсуф дар бораи аҳамияти бузурги Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ, вазифаву масъулияти ҳар як шаҳрванд дар ин вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳон сухан гуфт.

Сокинони ноҳияи Рӯдакӣ Зайниддин Арбобов, Мавлуда Аюбова, Қандил Сабуров ҷонибдории хешро аз қабули тағйиру иловаҳо ба ин қонуни воқеан зарурӣ ва саривақтӣ  иброз намуданд.

Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Муҳаммадраҳим Юсуфӣ ба тамоми кормандони мақомоти марбута супориши қатъӣ дод, ки  бо мақсади таҳкимбахшии қонун корҳои фаҳмондадиҳиро дар тамоми ҷамоату шаҳрак ва муассисаҳои ҳудуди ноҳия ҷоннок намоянд.

Зикр шуд, ки ҳадафи асосии қонуни танзим- пешгирии исрофу хароҷоти беҳуда буда, он барои беҳтар зиндагӣ кардани ҳар як сокини Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам меорад.

Сентябрь 5, 2017 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ Рӯзи дарҳои кушод баргузор шуд
«ТАҲКИМБАХШИ ИСТИҚЛОЛИ ВАТАН». Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии таъсиси ҲХДТ озмун доир мегардад
Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон намоиши «Рустам ва Деви сафед»-ро пешкаши тамошобинон мегардонад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Парчами давлатии 500-метра дар роҳпаймоии идона иштирок намуданд
Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд
Дар Панҷакент Рӯзи Парчами давлатӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад