Зиндагии муназзам — кафолати ҳаёти босаодат
ДУШАНБЕ, 05.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бо ширкати кормандони сохторҳои мақомоти иҷроия, имомхатибон, кормандони сохторҳои кудратӣ ва фаъолони ноҳия маҷлиси васеъ доир гардид.
Дар ҷамъомад сардори раёсати назорати умумии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири адлия Абдусамеъ Содиқзода дар бораи ба имзо расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан гуфт. Ӯ махсусан моддаҳои алоҳидаи ин қонунро ба иштирокдорон шарҳ дода, иброз дошт, ки ҳадафи асосии қабули ин қонун беҳбудӣ бахшидан ба зиндагии мардум, хотима додан ба харҷу исрофкории беҳудаю бемаврид аст. Ҳамчунин мавсуф дар бораи аҳамияти бузурги Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ, вазифаву масъулияти ҳар як шаҳрванд дар ин вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳон сухан гуфт.
Сокинони ноҳияи Рӯдакӣ Зайниддин Арбобов, Мавлуда Аюбова, Қандил Сабуров ҷонибдории хешро аз қабули тағйиру иловаҳо ба ин қонуни воқеан зарурӣ ва саривақтӣ иброз намуданд.
Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Муҳаммадраҳим Юсуфӣ ба тамоми кормандони мақомоти марбута супориши қатъӣ дод, ки бо мақсади таҳкимбахшии қонун корҳои фаҳмондадиҳиро дар тамоми ҷамоату шаҳрак ва муассисаҳои ҳудуди ноҳия ҷоннок намоянд.
Зикр шуд, ки ҳадафи асосии қонуни танзим- пешгирии исрофу хароҷоти беҳуда буда, он барои беҳтар зиндагӣ кардани ҳар як сокини Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам меорад.








Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ: Тоҷикистон дар сатҳи 95 фоиз худро бо орд таъмин менамояд
Имсол кирмакпарварони ноҳияи Ёвон 21 тонна пилла супориданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Сокинони минтақаи Рашт ба зарардидагони офати табиии шаҳри Кулоб кумак расониданд
МегаФон Тоҷикистон: боз панҷ «Устоди алоқа»!
Доир ба нақши Президенти Тоҷикистон дар рушди забони давлатӣ силсилавохӯриҳо баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
Дар Балҷувон иқдоми «300 рӯзи ободонӣ» эълон гардидааст
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ нақшаи истеҳсоли пилла барзиёд иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
«МАЛАКАҲОИ КАСБӢ». Дар Душанбе даври дуюми ин фестивали ҷумҳуриявӣ доир шуд






