«Ҳафтаи соҳибкорон – 2017» оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 10.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи соҳибкорон дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон «Ҳафтаи соҳибкорон-2017» оғоз гардид. Дар ин бора аз Донишкадаи мазкур хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷамъомад соҳибкорону олимон ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд. Муовини ректор оид ба корҳои илмӣ ва робитаҳои хориҷии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Саймаҳмуд Саидов иброз дошт, ки соли сеюм аст дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи соҳибкорон таҷлил мешавад. Дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат низ баргузории чунин ҳафта ҳар сол ба ҳукми анъана даромада, он дар моҳи октябр гузаронида мешавад.
Инчунин иштирокчиён дар мавзӯи «Самтҳои стратегии соҳибкории инноватсионӣ» маърӯза намуда, зикр карданд, ки инноватсияю навоварӣ асосан барои ҷавонон хос аст ва ҷавонон бояд хосиятҳои асосии соҳибкориро бештар омӯзанд.
Ба иштирокчиёни ҷамъомад мушкилоти соҳибкорӣ, роҳҳои объективӣ ва субъективии он фаҳмонида шуда, зикр гардид, ки барои тараққӣ додани соҳибкории инноватсионӣ дар кишвар бояд дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ омӯзиши он ташкил карда шавад, зеро замони муосир инро тақозо дорад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






