Агентии обуҳавошиносӣ: барфи аввал дар шарқи ВМКБ ба қайд гирифта шуда буд

Октябрь 2, 2017 15:41

ДУШАНБЕ, 02.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, ҳавои номусоид дар шимоли кишвар то 7 октябри соли равон идома ёфта, дар баъзе ноҳияҳои ин минтақа бориши борон ва дар баландкӯҳҳо боридани барф дар назар дошта шудааст.

Тавре қаблан аз Агентии обуҳавошиносӣ ба АМИТ «Ховар» хабар дода буданд, рӯзҳои 29-30 сентябри соли равон дар шимоли кишвар аз сабаби номусоидии вазъи боду ҳаво боридани барфу борон пешгӯӣ гардида буд. Ба иттилои манбаъ, бориши барф дар ноҳияҳои Шаҳристон, Деваштич ва шаҳри Истаравшан ба қайд гирифта шуд. Айни ҳол ба гуфтаи обуҳавошиносон, дар баландкӯҳҳои шимоли кишвар боридани барф идома дорад.

Бино ба гузориши бархе аз расонаҳои мустақили кишвар, вазъи номусоиди боду ҳаво дар шимоли мамлакат, аз ҷумла дар ноҳияи Мастчоҳ гӯё сабаби зери тарма мондани 3000 сар чорво ва талаф ёфтани 100 сар гӯсфанд гаштааст. Тавре раиси ноҳияи Мастчоҳ Ҳотамбек Ахмедов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, бар асари номусоидии боду ҳаво ҳангоми ба минтақаи бехавф бурдани рамаи гӯсфандон танҳо 10- 15 сар чорво талаф ёфтааст.

Ёдовар мешавем, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ ин барфи аввал набуда,  резиши барфи аввал 15 сентябри соли равон дар шарқи ВМКБ ба қайд гирифта шуда буд.

Октябрь 2, 2017 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад