Ҳайати ҲХДТ дар Фестивали «Рӯзи фарҳанги миллӣ» дар Санк-Петербург иштирок намуд

Октябрь 30, 2017 15:09

ДУШАНБЕ, 30.10.2017 /АМИТ«Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, як ҳайати ҳизбӣ ҷиҳати вохӯрӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Россия қарор дорад. Аъзои ин ҳайат, ки ба он раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода низ шомил аст, дар Фестивали «Рӯзи фарҳанги миллӣ» иштирок намуда, аз намоиши «Бозори шарқ», ки дар Санкт-Петербург баргузор шуд, дидан намуданд. Пас аз боздиди намоиш бо донишҷӯёни фаъоли тоҷики аъзои Ташкилоти ҷамъиятии минтақавии «Ҷомеаи донишҷӯёни ҷавони тоҷик» (РОО «МОСТ») вохӯрии пурмуҳтаво доир гардид.

Абдулло Раҳмонзода дар вохӯрӣ зикр намуд, ки бо шарофати сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат ҷавонони тоҷик дар хориҷи кишвар ба омӯхтани илму дониши замонавӣ фаро гирифта шудаанд. Мавсуф вобаста ба муҳимтарин таҳаввулот дар ҳаёти иҷтимоии мардуми тоҷик – ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» изҳори андеша намуда, иброз дошт, ки маҳз аз ин роҳ мардуми тоҷик аз зери бори нангу номуси дурӯғин раҳо гардида, зиндагии муътадил ва бе зиёдаравию худнамоиро пеш гирифт.

22894128_1943696109284758_6274321322831071231_nИн қонун бештар ба манфиати ҷавонон буда, ба онҳо дар пешрафти зиндагӣ ва оғози ҳаёти мустақилона кумаки арзанда мерасонад.

Зимни вохӯрӣ вобаста ба масоили гузариш ба низоми кредитии таҳсил, таҳияи ҷойҳои нави корӣ барои ҷавонон, кушодани намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар Федератсияи Россия ва мусоидати ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар барқарор кардани робитаи  Ташкилоти ҷамъиятии минтақавии «Ҷомеаи донишҷӯёни ҷавони тоҷик» бо воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон ҷиҳати ба ҳамватанон муаррифӣ кардани дастовардҳои донишҷӯён табодули афкор сурат гирифт.

Ҳамзамон аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки дар муқовимат бо ақидаҳои ифротӣ фаъол бошанд ва пеши роҳи гаравидани ҳамсолонашонро ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ гирифта, дар ҳар гуна роҳпаймоиву ҳамоишҳои шубҳаноки ғайрирасмӣ, хусусан дар арафаи чорабиниҳои муҳими сиёсӣ иштирок накунанд.

 

Октябрь 30, 2017 15:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад