Ҳайати иштирокчиёни Рўзҳои фарҳанги Тоҷикистон ба Ўзбекистон сафар кард
ДУШАНБЕ, 10.10.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳайати Тоҷикистон бо барномаи фарҳангии хеш ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар намуд. Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, бо мақсади мустаҳкам намудани равобити фарҳангии ду кишвари бо ҳам дӯсту бародар- Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз 10 то 14 октябри соли равон дар Ҷумҳурии Ўзбекистон Рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешаванд.
Барномаи Рўзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ўзбекистон аз намоиши аккосии «Тоҷикистони муосир», намоиши «Китобҳои Тоҷикистон», намоиши ду филми пурраи Носир Саидов «Қиёми рӯз» ва «Муаллим» намоиши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии устодони санъати тоҷик иборат аст.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар барномаи консертӣ дар шаҳри Тошканд ҳунарнамоии устодони варзида ва ҷавонони соҳибистеъдоди санъати тоҷик, ба мисли Давлатманд Холов, Саидқул Билолов, Шарофат Усмонова, Фотима Машрабова, Амирҷон Рӯзиев, Хуршед Иброҳимов, Муҳаммадрафӣ Кароматулло, Дилноза Каримова ва Дамирбек Олимов дар назар аст.
Санъати рақси миллии тоҷикро дар Ўзбекистон Ансамбли овозадори рақсии «Зебо» муаррифӣ хоҳад кард.
Бояд гуфт, ки расми ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ӯзбекистон пагоҳ дар шаҳри Тошканд доир мегардад.








«ҶАҲОНИ РАССОМ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Дӯст Азизов ташкил гардид
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Қирғизистон доир мегарданд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Вазирони корҳои дохилии ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд






