Ҷаласаи сайёри Кумитаи рушди маҳал дар ноҳияи Тоҷикобод

Октябрь 23, 2017 11:24

ДУШАНБЕ, 23.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Тоҷикобод ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар  ҷаласа  фаъолияти Кумитаи рушди маҳал ва такмили низоми идоракунии маҳаллӣ дар асоси натиҷаи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» дар ноҳияи Тоҷикобод мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре аз Кумитаи рушди маҳал ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни баррасии масъалаи такмили низоми идоракунии маҳаллӣ раиси Кумита Қосим Роҳбар оид ба ҷараёни тадбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» дар ноҳияи Тоҷикобод бо истифода аз лавҳаи намоишӣ ва таҳлилҳои амиқ маълумоти муфассал дода, шахсони масъул ва ваколатдорро ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта вазифадор намуд.

Қосим Роҳбар ҳамчунин ба масъулин  пешниҳод кард, ки ҷиҳати рушди минтақа оид ба истифодаи  технологияи пешқадам, бахши манзилию коммуналӣ дар маҳал, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар бораи татбиқи мақсад ва вазифаҳои стратегии рушди маҳал, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, таҳия намудани тавсияҳо ҷиҳати фаъолгардонии меъёри иқтисодии минтақаҳо, ҷалби дороиҳо ва захираҳои мавҷуда тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ҳамзамон сардори Раёсати кор бо мақомоти маҳаллии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёқуб Исмоилзода  оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба рушди ноҳия дар самтҳои гуногун ва камбудиҳои ҷойдошта ба масъулини сохторҳои марбута маслиҳатҳои муфид дод.

Хотиррасон менамоем, ки  Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоатҳои ноҳияи Тоҷикобод  дар мавзӯъҳои ваколати ҷамоат, шӯрои ҷамоат ва ваколатҳои раиси ҷамоат дар масъалаи танзими идоракунӣ дар маҳал вобаста ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», инчунин «Дастурамали намунавӣ ва коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳайати 40 нафар  машварати омӯзишӣ  гузаронид.

Октябрь 23, 2017 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад