«Ҷашни Меҳргон ва Сада дар оинаи тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ»- симпозиуми байналмилалӣ дар Душанбе

Октябрь 10, 2017 15:19

ДУШАНБЕ, 10.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Ҷашни Меҳргон ва Сада дар оинаи тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ»-таҳти чунин унвон 13 октябри соли 2017, соати 09:00, бахшида ба ҷашни Меҳргон дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Cимпозиуми байналмилалии илмӣ баргузор мегардад.

Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Академияи илмҳои Тоҷикистон  иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, зимни баргузории cимпозиум муҳаққиқони ватанию хориҷӣ ҷанбаҳои илмию таърихии қадимтарин ҷашнҳои мардуми ориёитабор-Меҳргону Садаро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Бояд зикр намуд, ки Меҳргон дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнвораҳои аҷдодии мардуми форсизабон қарор дошта, аз замонҳои дури таърих маншаъ мегирад. Меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад.

Таҷлили иди Меҳргон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 дар тамоми гӯшаю канори кишварамон бо шукӯҳу шаҳомат ба роҳ монда шудааст. Ба истиқболи ин рӯзи муборак пахтакорон, ғаллакорон, боғу токпарварон, чорводорон бо ғайрати дучанд заҳмат кашида, баҳри пешрафти иқтисодиёти давлат саҳми арзанда мегузоранд.

Рушду пешрафти ин соҳаи афзалиятноки хоҷагии халқ барои инкишофи ояндаи иқтисодиёти кишвар хеле муҳим буда, чун таҳкурсии мустаҳкам хизмат мекунад.

Октябрь 10, 2017 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад