«Аввалин истиқлолияти мардуми соҳибтамаддун — ин истиқлолияти забон буд»-конференсия дар Вазорати корҳои дохилӣ

Октябрь 2, 2017 16:40

ДУШАНБЕ,02.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати корҳои дохилии  Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти Вазорат, ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар меҳмонони расмӣ конференсияи илмӣ-амалӣ доир гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, дар конференсия муовини Вазири корҳои дохилӣ Икром Умарзода зикр намуд, ки Рӯзи забони давлатӣ мисли дигар суннатҳои бостонии миллии мо ҳар сол 5 октябр ҷашн гирифта мешавад ва барои миллати тоҷик он рӯзи худшиносист. Зеро забон ҳастии миллат ва бақои давлат маҳсуб мешавад. «Пос доштан ва эҳтиром намудани забон вазифаи ҳар як фарди солимфикри ҷомеа буда, фаромӯш набояд кард, ки забони модарӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ба шумор меравад ва он сарчашмаест, ки инсонро ба асолати миллӣ пайванд месозад. Мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ дар сарнавишт ва эҳёи тамаддуни таърихии миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуда, яке аз падидаҳои даврони истиқлолият низ маҳсуб мешавад ва ҳамчун як рукни муҳими давлатдорӣ дар пойдории давлату миллати бузургу куҳанбунёди мо нақши муҳим мебозад»,-зикр намуд ӯ.

Конфренсия ВКД

Дар ҷараёни конференсия намояндаи Кумитаи забон ва ислоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Зулфониён изҳор дошт, ки забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз дуҳазорсола дорад. «Забон қудрати воқеии худро ба ҷомеа бояд нишон диҳад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушду нумӯи забони давлатӣ пайваста кӯшиши зиёде ба харҷ медиҳад. Бешак, метавон гуфт, ки аввалин истиқлолияти мардуми соҳибтамаддун- ин истиқлолияти забон буд ва хушбахтона, имрӯз мо шукуфоии забони тоҷикиро эҳсос мекунем. Дар ин раванд ҳар яки мо бояд ба забони пурарзиши хеш арҷгузорӣ намуда, онро ҳифз ва ҳимоя намоем»,-афзуд ӯ.

Аскар Ҳаким шеъри тозаэҷоди худ «Номаи фахру сипос»-ро ба аҳли толор қироат кард, ки дар он шоир ҷаҳду талоши Пешвои миллат, корнамоӣ ва ҷонфидоии ӯро ба халқу Ватан чунин васф кардааст:

… Арсаи мо арсаи оре бувад,

Арсаи нангу ватандорӣ бувад.

Номи ту бо номи тоҷик зинда бод,

Рамзи иқболи Ватан поянда бод.

 

 

Октябрь 2, 2017 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд