Аз муомилоти ғайриқонунӣ тахминан 14 кг маводи нашъаовар мусодира гардид
ДУШАНБЕ, 19.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи гузаронидани ду амалиёт аз муомилоти ғайриқонунӣ тахминан 14 кг маводи нашъаовар мусодира намуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии мазкур хабар доданд, 15 октябр аз ҷониби кормандони Раёсати Агентӣ дар ВМКБ дар якҷоягӣ бо хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар минтақаи наздисарҳадии Майдонаки ҷамоати деҳоти Поршневи ноҳияи Шуғнон шаҳрванди 30-солаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Зоҳир валади Паҳлавон дастгир гардид.
Номбурда аз камераи мошин истифода бурда, сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур намуд ва ба қаламрави Тоҷикистон ба тариқи қочоқ маводи нашъаовар интиқол дод. Дар натиҷаи кофтуков аз ӯ маводи навъи ҳашиш бо вазни 9 кг 215 грамм мусодира шуд. Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 335, 289 ва 200 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардидааст.
Инчунин аз тарафи кормандони Агентӣ дар назди истгоҳи автомобилии Душанбе-Турсунзода шаҳрванди Тоҷикистон дастгир гардид ва аз борхалтаи варзишии ӯ 4 кг 775 грамм маводи ҳашиш дарёфт шуд.
Зимни тафтиши пешакӣ аз рӯи нишондоди дастгиршуда ҳаммаслаки ӯ дастгир гардид. Муайян карда шуд, ки ҳар ду донишҷӯёни мактабҳои олии Тоҷикистон мебошанд ва маводи нашъадорро аз шаҳрванди Афғонистон барои ба фурӯш баровардан харидорӣ намудаанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид






